Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд Русияро ба додгоҳи СММ мекашад


Давлати Ҳолланд барои озод кардани 30 аъзои Гринпис Русияро ба додгоҳи Созмони Милал хоҳад кашид. Франс Тиммерманс, вазири умури хориҷии Ҳолланд, гуфт, Русияро бар асоси Конвенсияи Созмони Милал дар Бораи Қонунҳои Баҳрӣ ба додгоҳ мекашад. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия, киштии “Тулӯъи Арктика”-ро ки зери парчами Ҳолланд буд, бо аъзои Гринпис ва маллоҳонаш ғайриқонунӣ боздошт кардаанд. Аксари аъзои ин ин созмони тарафдори покизагии муҳити зистро дар Русия ба роҳзанӣ муттаҳам мекунанд, ки барои ин гуноҳ дар Русия 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Аъзои Гринписро, ки аз 18 кишвар ҳастанд, баъди он боздошт карданд, ки хостанд ба нишони эътироз аз фаъолиятҳои Газпром дар Арктика ба як манораи нафткашии ин ширкат бароянд.
XS
SM
MD
LG