Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба «Самсунг»


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар бозии санҷишӣ аз тими «Самсунг»-и Эрон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ин бозии санҷишӣ бо бошгоҳи лигаи дувуми футболи Эрон дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Кирмон барпо гардид. Голи ягонаи дастаи Тоҷикистонро Шоҳрух Раҷабматов дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд: Дилшод Дадобоев (Эмомалӣ Сониев, 46), Алишери Ҳотам (Анварҷон Ҳамроқулов, 46), Фирдавс Чақалов (Суннатулло Холов, 79), Зокир Иброҳимов (Далер Бердиқулов, 72), Парвиз Ҳамидов (Самандари Хайриддин, 71), Вайсиддин Сафаров (Мармар Зоиров, 61), Комрон Турсунов (Шоҳрух Раҷабматов, 64), Дилшод Саломов (Мӯҳсинҷон Парпиев, 46), Ромиш Ҷалилов (Ойбек Абдуғаффоров, 54), Меҳроҷиддин Музаффаров (Сиёвуш Мӯҳсинов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев (Дилшод Расулов, 75).

Мусобиқоти интихобии қитъавӣ миёни ҷавонони синнашон то 19-сола дар гурӯҳи «D» аз 8-ум то 12-уми октябр дар шаҳри Кирмон баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои Эрон (8-уми октябр), Арабистони Саудӣ (10-уми октябр) ва Лубнон (12-уми октябр) рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи «Шаҳид Баҳонар» барпо мегарданд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста ва ширкат дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ба ҳайати даста 23 футболбозро шомил кардааст:

дарвозабонҳо: Муродулло Саидов («Энергетик»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Дилшод Дадобоев («Пахтакор», Ҷаббор Расулов);
ҳимоятгарон: Самандари Хайриддин, Зокир Иброҳимов (ҳарду – «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Анварҷон Ҳамроқулов (ҳарду – ССКА «Помир»), Далер Бердиқулов («Регар-ТадАЗ»), Алишер Холмуродов («Энергетик»);
нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев (ДЮСШ ПФК ССКА, Маскав), Парвиз Ҳамидов, Мӯҳсинҷон Парпиев (ҳарду – «Хайр»), Вайсиддин Сафаров («Истиқлол»), Шорҳрух Раҷабматов («Парвоз»), Комрон Турсунов, Дилшод Саломов, Дилшод Расулов (ҳарсе – РТСУ), Ойбек Абдуғаффоров, Мармар Зокиров (ҳарду – «Энергетик»),
ҳамлагарон: Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Суннатулло Холов («Вахш»), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Мӯҳсинов (ҳарду – «Истиқлол»).

Мусобиқоти қахрамонии Осиё миёни ҷавонон (U-19)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи "D"


Даври 1-ум
8-уми октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ - соати 19.00
Эрон - Тоҷикистон.

Даври 2-юм
10-уми октябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ - соати 14.30
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ.

Даври 3-юм
12-уми октябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.30
Лубнон - Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG