Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Ботканди Қирғизистон


Ба навиштаи хабаргузории 24-kg Хадамоти марзбонии Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ки мехостанд мошинеро бо рақамҳои сохта аз қаламрави ин кишвар ба Тоҷикистон гузаронанд, дар минтақаи Ботканд боздошт карданд. Ба гуфтаи ин ниҳод, шаҳрвандони Тоҷикистон савори мошин Land Rover буданд, ки рақамҳои қалбакӣ дошт. Тавре мақомоти қирғиз гуфтаанд, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон мошини Land Rover-ро аз Беларус хариданд ва тасмим доштанд, ки бо истифода аз рақамҳои қалбакии кишвари Қирғизистон онро то ба Тоҷикистон бирасонанд. Марзбонҳои қирғиз боздоштшудаҳоро ба Хадамоти амнияти Қирғизистон дар минтақаи Ботканд таслим карданд.
XS
SM
MD
LG