Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Эсхата” - пешсафи мусобиқоти лигаи аввал дар минтақаи Суғд


Бозиҳои даври 13-уми мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд баргузор шуданд.

Ба иттилои Рустам Марофиев, муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд, баъди натиҷагирии даври 13-ум дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд бо 27 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Тими “Далерон-Ӯротеппа”-и шаҳри Истаравшан бо 26 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаи “Исфара”-и шаҳри Исфара бо 23 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Натоиҷи бозиҳои даври 13-ум:
“Спитамен” (Спитамен) - “Канд” (Конибодом) – 3:3
“Пахтакор” (Ҷаббор Расулов) – “Шаҳристон” (Шаҳристон) – 3:2
“Исфара” (Исфара) - “Далерон-Ӯротеппа” (Истаравшан) – 1:0
“Мастчоҳ” (Мастчоҳ) - “Зарафшон” (Панҷакент) – 2:4
“Эсхата”(Хуҷанд) - “Қайроққум” (Қайроққум) - +:- бохти техникӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1 Эсхата 11 9 0 2 37 – 8 27
2 Далерон-Ӯротеппа 11 8 2 1 50 – 8 26
3 Исфара 11 7 2 2 28 – 13 23
4 “Зарафшон” 11 5 3 3 22 – 21 18
5 “Спитамен” 11 4 4 3 26 – 28 16
6 “Мастчоҳ” 11 5 1 5 19 – 27 16
7 “Пахтакор” 10 4 1 5 22 – 15 13
8 “Шаҳристон” 11 2 0 9 13 – 35 6
9 “Канд” 10 1 2 7 19 – 36 5
10 “Қайроққум” 11 1 1 10 5 – 50 4




Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев (“Далерон-Ӯротеппа”) – 16 тӯб, Аъзам Ҳусейнов (“Далерон-Ӯротеппа”) – 16 тӯб, Ҳусейн Ҷалолов (“Эсхата”) - 12 тӯб, Илҳом Баротов («Далерон-Ӯротеппа») - 11 тӯб.
XS
SM
MD
LG