Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комендатураи марзбонӣ дар Фархор. Омодагӣ ба хуруҷи НАТО ё ...?


Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, воқеъ дар марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон комендатураи марзбонӣ таъсис шудаааст.

Вазифаи ин комендатура ё худ воҳиди роҳабрикунанда, муттаҳид кардан ва кӯмак ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳолатҳои фавқулода ба шумор меравад.
Қурбонбой Каримов, раиси ҳукумати ноҳияи Фархор ҳадафи аслии ин комендатураро тақвияти ҳифозати марзи давлатӣ, ба хотири ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ унвон кард.

Ҷаноби Каримов гуфт: “Хушбахтона дар ҳудуди ноҳия комендатура ташкил ёфт. Пештар ин гуна сохтор набуд. Ин барои амният дар марз ёриву кӯмаки амалии худро мерасонад. Комендатура сарҳадро бо маводҳои ҳарбӣ таъмин мекунад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки амният дар марзи ноҳияи Фархор бо Афғонистон пурра зери назорат аст.”

Комендатура дар Фархор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00
Линки мустақим


Раиси ҳукумати ноҳияи Фархор гуфт, талоши марзбонон ҷиддан ба он равона шудааст, ки ҳеҷ нафаре ғайриқонунӣ марзи давлатро убур накунад.

Ғайбулло Авзалов
Ғайбулло Авзалов
Таъсиси комендатураи марзбонӣ дар ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки моҳе пеш Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон зимни сӯҳбат бо сокинони деҳоти наздимарзии ноҳияи Фархор бо муроҷиат ба мақомоти интизомӣ гуфт, хуруҷи нерӯҳои НАТО аз кишвари ҳамсояро дар назар дошта бошанд ва барои ин талош кунанд, то марз бештар ҳифз шавад. Ӯ гуфт, амнияти дохили Тоҷикистонро низ дар ин соли ҳассос мадди назар бояд дошт.

Ҷаноби Авзалов гуфт: «Баъд аз соли 2014, вақте амрикоиҳо берун мешаванд, мо масъалаҳоеро зери назар бояд бигирем. Барои ҳамин давлати мо бояд тинҷу ором бошад, ки имконият пайдо кунем, ғами сарҳадро хӯрем, ғами мустаҳкамии беруни кишварамонро хӯрем. Вақте дохили кишвар тинҷ набошад, мо чи хел ғами берунро мехӯрем?» Раиси вилояти Хатлон бо ишора аз хатарҳои эҳтимолии дохиливу хориҷӣ ҳушдор дода, омодагии ҷиддии мақомотро талаб кард.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъахон Алимӣ, муаллифи китоби «Афғонистон: Мухолифин, мудохилин ва муҷоҳиддин» мегӯяд, эҳтимоли чунин хатар на танҳо пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО, балки ҳоло ҳам вуҷуд дорад, аммо на ба ҳадде, ки таблиғ мешавад. Ӯ мегӯяд, вуруди дастаҷамъии Толибон ба хоки Тоҷикистон аз воқеият дур аст, аммо ҳамлаҳои гурӯҳҳое мисли Ҳаракати исломии Узбакистон вуҷуд дорад.

Ҷумъахон Алимӣ, донишманди тоҷик.
Ҷумъахон Алимӣ, донишманди тоҷик.
Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, фарзи мисол, пас аз нерӯҳои НАТО Толибон низ сари қудрат биоянд, ҳеҷ гоҳ бо ҳамсояҳо вориди даргирӣ намешаванд, зеро барояшон солҳо басандагӣ намекунад, то масоили дохилии худро ҳалу фасл кунанд. Аз ин рӯ, Алимӣ мегӯяд, ҳуҷуми Толибон ба Осиёи Миёна бештар тарғиботи русҳост, то ҳузури худро дар ин кишварҳо қавитар кунанд.

Комендатураи марзбонӣ дар ин минтақаи марзӣ дар ҳоле таъсис мешавад, ки соли оянда, неруҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон берун хоҳанд шуд ва ба гуфтаи нозирони умур, таҳдиду хатарҳо аз суи гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба хусус Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш хоҳад буд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран вазъ дар манотиқи шимоли Афғонистон, ба хусус вилояти Бадахшон, ки бо қисмати ҷанубу шарқи Тоҷикистон ҳаммарз аст, муташанниҷ гардида ва ба даргириҳо анҷомидааст. Тоҷикистон бо Афғонистон, ба хусус шимоли он бо дарозии 1400 километр марзи муштарак дорад. Фархор - Кокул аз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон аст, ки як пули иртиботӣ бар фарози руди Панҷ ё Ому ҷануби Тоҷикистонро бо шимоли Афғонистон мепайвандад.
XS
SM
MD
LG