Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раванди маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия шурӯъ мешавад


Гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёӣ ба вориди Сурия шуданд, то раванди маҳви захираҳои ин навъи аслиҳа дар Сурияро шурӯъ кунанд. Корвони иборат аз 20 мошини мутахассисону таҷҳизот ва маъмурони амниятӣ рӯзи сешанбе аз Лубнон ба Сурия ворид шуд. Мутахассисон бар асоси дастури Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва тавофуқи ҳосилшуда миёни Амрикову Русия кори маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурияро оғоз мекунанд. Рӯзи 21 август дар наздикии шаҳри Димишқ аз заҳри қаттоли зарин истифода карда ва садҳо нафарро куштанд. Баъди ин Амрикову Русия ба мувофиқа расиданд, ки Сурия тамоми захираҳои аслиҳаи кимиёии худро зери назорати ҷомеаи байналмилал нобуд кунад. Ҳукумати Сурия аз бими ҳамлаи кишварҳои Ғарбӣ ба ин талаб ризоият дод.
XS
SM
MD
LG