Фармондеҳии Нерӯҳои Баҳрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ду генералро барои камбудӣ дар посбонии як пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон аз кор рондааст. Ҷеймс Амос, фармондеҳи ин нерӯҳо дар як баёнияи катбӣ гуфтааст, ки генерал Чарлз Гурганус ва генерал-майор Грег Стурдевант, барои муҳофизати пойгоҳи "Диж" дар вилояти Ҳилманд “чораҳои муносиби муҳофизатӣ” наандешидаанд ва аз ин рӯ аз онҳо хоста шудааст, ба нафақа бираванд. Ҳарду генерал ин дархостро пазируфтаанд. Дар ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи "Диж" дар моҳи сентябри соли 2012 сарбози амрикоӣ кушта ва 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин ҳамла ҳамчунин шаш ҳавопаймои ҷангии Ҳариер нобуд шуд ва артиши Амрико миллионҳо доллар зарар дид. Зимни муқовимат ба Толибон 14 нафарашонро кушта ва 15 тани дигарро дастгир карданд.