Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори сохторҳои давлатии Амрико мутаввақиф шуд


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кори бисёре аз ниҳодҳои ҳукуматӣ муттавақиф шуд, зеро вакилони порлумон тарҳи буҷаи давлат барои соли ояндаро қабул накарданд. Билофосила соати 9 ба вақти Душанбе, ҳукумати Амрико ба ниҳодҳои давлатӣ амр дод, то кормандони ин ниҳодҳоро барои таътили муваққатӣ бифристанд. Бори аввал аст, ки тайи 17 соли ахир ҳукумати Амрико кори баъзе аз сохторҳои давлатиро муттавақиф мекунад. Аммо сохторҳои ҳаётан муҳим ва амнияти миллӣ ба мисли маркази назорати парвозҳо ба кори худ идома медиҳанд. Маълум нест, ки таътили маҷбурӣ дар сохторҳои давлатии Амрико то кай идома мекунад.
XS
SM
MD
LG