Бино ба гузоришҳо, бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Сурия ба як мактабе дар шаҳри Раққа, 12 нафар ва аксаран муҳассилон кушта шудаанд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки тарафдори шӯришиён аст, гуфт, ки ҳамла рӯзи якшанбе сурат гирифт ва шояд теъдоди қурбониён бештар мешавад. Шаҳри Раққа аз моҳи март ба ин сӯ дар дасти шӯришиён аст ва тарафдорони шӯришиён исми 14 нафар қурбонии ин ҳамларо ба мактабро нашр карда ва гуфтаанд, ки 30 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дигар ин ки ба гуфтаи Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, шаби якшанбе шӯришиён дар ҳамлаи ғофилгиронае 19 сарбози ҳукуматро куштаанд.