Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати Эрон ба таҳқиқи таркиш дар Аргентина


Бино ба гузоришҳо, давлати Эрон ризоият додааст, ки қазияи бомбгузорӣ дар як маркази яҳудияҳо дар шаҳри Буенос Айрес ҳамроҳ бо мақомоти Аргентина таҳқиқ шавад. Додгоҳҳои Аргентина мегӯянд, ки бомбгузорӣ, ки соли 1994 ба вуқӯъ пайваст ва 85 нафарро кушт, бо ҳимояти Эрон сурат гирифтааст. «Телам», хабаргузории расмии Аргентина гузориш дод, ки Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, бо ҳамтои аргентинии худ Ҳектор Тимерман ҳангоми мулоқот дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар заминаи таҳқиқи муштарак ба мувофиқа расиданд. «Телам» навиштааст, ки ҳарду кишварҳои гурӯҳҳои тафтишотӣ таъсис медиҳанд ва онҳо моҳи ноябр дар Женева масъалаи таҳқиқро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG