Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузорҳои Пешовар 33 нафар ҷон бохтанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, бар асари ду бомбгузорӣ дар бозори пуродаме дар шаҳри Пешовар, дасти кам 33 нафар кушта ва 80 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар бозори Қиссахонӣ дар наздикии як истгоҳи пулис ба вуқӯъ пайвастааст. Дар миёни қурбониёни таркиш 6 кӯдак ва ду зан ҳам ҳастанд. Зоҳир ул Ислом муовини сардори пулиси ин маҳал дар бораи таркиш гуфт:"Ду таркиш ба вуқӯъ пайваст. Фурӯшгоҳу мошинҳо оташ гирифтанд. Мо ҳодисаро таҳқиқ мекунем. Мутахассисон ба маҳалли ҳодиса омаданд, то муайян кунанд, чӣ гуна ва чӣ қадар маводи мунфаҷира истифода шудааст. Аммо метавонам бигуям, ки инфиҷор дар воқеъ қавӣ буд." Аз ин пеш дар рӯзи якшанбеи гузашта ду бомбгузори маргталаб бо ҳамла ба як калисои масеҳиён дар Пешовар 82 нафарро куштанд. Рӯзи ҷумъа таркиш дар мошини кормандони ҳукуматӣ 18 нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG