Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷоре дар Пешовар 31 нафар ҷон доданд


Мақомоти Покистон мегӯянд, бар асари инфиҷоре дар як бозори пуродам дар шаҳри Пешовар, дасти кам 31 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар бозори Қиссахонӣ дар наздикии як истгоҳи пулис ба вуқӯъ пайвастааст. Алтаф Ҳусейн як мақоми пулиси ҳамин маҳал гуфт, ки дар миёни қурбониёни таркиш 6 кӯдак ва ду зан ҳам ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, мошини бомбгузоришудае таркида бошад. Аз ин пеш дар рӯзи якшанбеи гузашта ду бомбгузори маргталаб бо ҳамла ба як калисои масеҳиён дар Пешовар 82 нафарро куштанд.
XS
SM
MD
LG