Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райан Крокер дар бораи Эрон: “Ин оғози хуб аст”


Райан Крокер дар гузашта мустақиман бо мақомоти эронӣ гуфтугӯ доштааст.
Райан Крокер дар гузашта мустақиман бо мақомоти эронӣ гуфтугӯ доштааст.

Райан Крокер, ки ҳоло декани Маркази мутолиоти хадамоти давлатӣ Ҷорҷ Буш дар Донишгоҳи Тексаси Амрикост, доир ба таҳаввулоти нав дар муносиботи Амрикову Эрон бо Ричард Солаш, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ню Йорк сӯҳбат кард.

Райан Крокер, яке аз дипломатҳои собиқадор ва соҳибтаҷрибаи Амрико дар Ховари Миёна маҳсуб мешавад ва солҳои тулонӣ умрашро дар он минтақа сипарӣ кардааст. Баъди кор ба ҳайси сафири Амрико дар Лубнон, Кувайт, Сурия ва Покистон, ӯ аз соли 2007 то соли 2009 фиристодаи хоси Иёлоти Муттаҳида барои Ироқ ва аз соли 2011 то соли 2012 фиристодаи вижа барои Афғонистон буд. Зимни кораш дар ду мақоми ахир, ӯ дар раҳандозии тамос ва ҳатто ҳамкории кишвараш бо Эрон нақши муҳиме иҷро кардааст. Райан Крокерро ҳамин ҳафта дафтари Эрон дар Созмони Милал ба нишасти Маҷмаи Умумии ин созмон даъват кард. Ӯ дар ин нишаст бо “баъзе аз мақомоти баландпояи Эрон” мулоқотҳои хусусӣ доштааст.

Радиои Озодӣ: Метавон гуфт, ки ҳафтаи гузашта “ҳафтаи Эрон” дар Созмони Милал буд. Суханрониҳои Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал, сипас мулоқоти гурӯҳи 5 бар 1 бо Эрон ва сипас мулоқоти Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф. Ба назари шумо, бо ин ҳама кор дар ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон ба куҷо расидааст:

Райан Крокер: “Ин як ҳафтаи хубе буд ва аз ин назар, ки дар баъзе аз корҳо эҳтимоли муомила бо Эрон вуҷуд дорад. Ҳоло акнун бояд бубинем, ки ин муомилаҳо то куҷо амалӣ мешаванд. Амалкардҳои раиси ҷумҳури Эронро “таҳоҷуми афсункунанда” хондаанд, вале ба андешаи ман масъала аз ин ҳам муҳимтар буд. Айни замон ӯ ҳеҷ аҳди мушаххасе надодааст, вале ман шоҳиди саҳнаи мусоиде назар ба гузаштаҳо ҳастам. Акнун Эрон бояд амал кунад ва ваъдаҳои Рӯҳониро иҷро кунад то ба ҷомеаи байналмилал тазмин диҳанд, ки Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ дар пайи сохтани силоҳи атомӣ нест. Инро бояд нишон бидиҳанд. Барои ин бо назардошти тамоми шакку шубҳаҳое, ки дар гузашта пайдо шудаанд, музокироти сахте зиёде лозим мешавад. Ман аз сӯҳбатҳои эрониён дар Ню Йорк шунидам, ки онҳо барномаеро барои рафъи нигарониҳои кишварҳои ғарбӣ аз барномаҳои атомии худ пешниҳод мекунанд. Мо бояд бубинем, ки ин корро хоҳанд кард ё не? Аз ин рӯ ба андешаи ман, ин оғози хуб аст, вале фақат оғоз аст.”

Радиои Озодӣ: Ҳасан Рӯҳонӣ ин ҳафта гуфт, ки умедвор аст, бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар робита ба баҳси барномаҳои атомии Эрон дар муддати се то шаш моҳ ба мувофиқа бирасанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ихтиёри томро ба ӯ додааст, то музокироти ҳастаиро ниҳоӣ кунад. Ба назари шумо, чӣ Эронро ба ин ҷо расонд?

Райан Крокер: “Онгуна ки раиси ҷумҳур Руҳонӣ ва вазири умури хориҷии Эрон чанд дафъа гуфтаанд ва албатта ман худам инро шунидаам, роҳе ки тайи 8 соли гузашта пеш гирифта будем, чӣ барои ҷомеаи байнамилал ва чӣ барои Эрон роҳи самаровар набуд. Як ҷо раиси ҷумҳури Эрон изҳор дошт, ки: “Ҳеҷ кас наметавонад бигӯяд, ки мо ҳоло назар ба ҳашт соли гузашта дар вазъи беҳтаре қарор дорем, аз ин рӯ бояд роҳи наверо озмоиш кард ва аз муҳосиботи беҳосил ба натиҷаи муфид барои ҳама тарафҳо гузашт.” Ва натиҷаи муфид, онгуна ки ман аз эрониёни фаҳмидам, ин аст, ки ҷомеаи байналмилал итминон дошта бошад, ки Эрон дар пайи сохти силоҳи атомӣ нест ва айни замон онҳо тавонанд, барномаи сулҳомези атомиашон бо ғанисозии ураниумро бар асоси меъёрҳои Оҷонси Байнамилалии Энержии Атомӣ идома бидиҳанд.”

Радиои Озодӣ: Ба андешаи шумо ҳоло то чӣ ҳад “тамосҳои махфие” миёни Эрону Амрико дар робита ба масъалаи Сурия идома сурат мегирад?

Райан Крокер: “Ман ҳеҷ гуна иттилои мустақиме дар ин бора надорам. Дар гуфтугӯҳои ман дар Ню Йорк, раҳбарони Эрон дар бораи Сурия ҳам сӯҳбат карданд ва гуфтанд, ки ҷомеаи байналмилал бояд муштаракан роҳеро барои хотима додан ба “талафоти ваҳшатангези инсонҳо” дар Сурия пайдо кунад. Ва албатта мавзеъгирии эрониён дар робита ба истифодаи аслиҳаи кимиёӣ возеҳ буд, чун худашон ҷабри ин аслиҳаро дар солҳои 1980 (дар ҷанг бо Ироқ) кашидаанд. Ба андешаи ман, эрониён дар баҳсҳо дар бораи қатъномаи Шӯрои Амният дар мавриди Сурия, дирӯз қабул шуд, мустақиму ғайримустақим саҳм доштанд ва агар чунин бошад, ин як аломати мусбат аст. “

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо, оддӣ шудани муносибот миёни Амрикову Эрон дар тамоми минтақа чӣ таъсире метавонад бигузорад. Масалан дар Ироқу Афғонистон инро чӣ гуна қабул хоҳанд кард?

Райан Крокер: “Ба андешаи ман, ҳарду ин кишвар, ки ман дар онҳо ба ҳайси сафир кор кардаам, аз мӯътадил шудани равобити Амрикову Эрон хушҳол хоҳанд шуд. Ироқиҳо аксаран чунин эҳсосро доштаанд, ки дар байни Амрикову Эрон гир мондаанд ва албатта Ироқ, мушкилоти худро бо Эрон дорад ва возеҳан Эрон як ҳамсояи муҳими Ироқ аст. Ман бисёр мутмаинам, чун дар гузашта аз худи ироқиҳо шунидаам, ки наздик шудани Эрону Амрико зиндагии онҳоро осонтар хоҳад кард. Айни чиз дар Афғонистон низ ҳаст, чун вақте ман мустақиман бо эрониён дар бораи ҳамкории муштарак барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон сӯҳбат кардам, мақомоти Афғонистон бисёр хушҳол шуданд. Ба андешаи ман, кишварҳои дигаре дар минтақа ҳаст, ки аз наздик шудани Амрикову Эрон амиқан нигарон мешаванд ва мо бояд коре кунем, ки ба онҳо нишон бидиҳем, ҳар гуна ҳамдигарфаҳмӣ байни Амрикову Эрон барои субот дар тамоми минтақа аст ва на ба манфиати як меҳвари нав дар минтақа, ки Исроилу арабҳо ва ё каси дигар аз он нигарон шавад.”
XS
SM
MD
LG