Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул: "Афғонистон омодаи тарки нерӯҳои хориҷист"


Залмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистон, мегӯяд, кишвараш барои ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ омода аст. Рӯзи ҷумъа зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню Йорк ӯ ҳамчунин гуфт, терроризм ва ифротгароӣ таҳдид барои Афғонистон боқӣ мондаанд. Залмай Расул афзуд, баъди 30 соли ҷанг, “Афғонистон ҳоло як кишвари ояндабини демократӣ бо сохторҳои давлатии коромад” шудааст ва марҳилаи гузариш баъди ба раҳбарии Амрико сарнагун кардани Толибон дар соли 2001 дар арафаи анҷомёбист. Дипломати баландмақоми афғон гуфт, ҳоло маъсулияти таъмини амнияти тақрибан 90 дар сад аз қаламрави Афғонистонро бештар аз 350 ҳазор нерӯи артишу пулис бар ӯҳда доранд ва омодаанд, тамоми ин масъулиятро баъди ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 бар дӯш бигиранд. Ба гуфтаи Залмай Расул, ҳукумати Афғонистон ҳамчунин саъй дорад, бо Толибон музокира ва онҳоро ба раванди сулҳ ҷалб кунад.
XS
SM
MD
LG