Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи СММ барои маҳви силоҳи кимиёии Сурия


Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид бо аксарияти оро қатъномаеро қабул кард, ки бар асоси он аслиҳаи кимёвии Сурия бояд маҳв шавад. Дар қатънома омадааст, ки агар Сурия аз иҷрои ин қатънома сарпечӣ кунад, подоши ин корашро хоҳад дид ва Шӯрои Амният қатъномаи дигареро тартиб хоҳад дод.
Вазири хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Шӯрои Амният омода аст, дар сурати сарпечии Сурия аз ин қатънома, иқдомоти лозимиро пеш гирад.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун изҳор дошт, ки қудратҳои ҷаҳонӣ қарор аст як конфронси байналмиллалии сулҳ дар мавриди Сурияро дар моҳи ноябр баргузор кунанд. Ба гуфтаи Бан Ки Мун қатъномаи ҷадиди Шӯрои Амният аз нигоҳи қонунӣ «воҷибулиҷро» мебошад.
XS
SM
MD
LG