Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии куҳнаи Русия бо ҷумҳуриҳои собиқ дар фазои нав


Бозиҳои Русия бо ҳамсоягонаш падидаи наве нест, аммо агар ҳамсоягон дар гузашта ба осонӣ "тан медоданд", акнун бо ёрии Аврупо ба фишори Маскав муқовимат мекунанд.

Майли яке аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ба наздикии бештар бо Аврупо боиси мухолифати сарсахтонаи Маскав шуд. Бо ҳимояти сукутомези Кремлин сокинони яке аз шаҳрҳои асосан руснишини ин ҷумҳурӣ даъвои ҷудоӣ карданд. Маскав худро ҳомии ҳуқуқи онҳо эълон намуд.

Ба фикри Шумо, ин Украина аст ё Молдова? На. Чунин бозӣ тобистони соли 1993 дар шаҳри Нарваи Эстония ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз аҳолии русизабони Нарва соҳиби шиносномаи Иттиҳоди Аврупост. Аммо ҳоло Маскав мухолиф аст, ки Украина, Молдова ва Арманистон ҳамкории худро бо ин иттиҳод таҳким диҳанд. Агар чанд сол пеш ин кишварҳо норозигии Русияро як амри табиӣ мешумурданд, акнун бештар ба манфиатҳои миллии худ таваҷҷуҳ мекунанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00
Линки мустақим


Мансабдори пешини НАТО ва ҳоло таҳлилгар дар Чатҳам Ҳауси Лондон, Ҷон Лок мегӯяд, ин кишварҳо то рафт ба минтақаи сабқати Русия ва Ғарб табдил меёбанд: "Ман фикр мекунам, мавқеи Русия то рафт рӯшантар мегардад, аммо ҳамзамон ин кишварҳо низ ба маротиб қавитар мешаванд.”

Коршиносон мегӯянд, майли афзояндаи Иттиҳоди Аврупо ба Шарқ натиҷаи рӯйирости токтикҳои Маскав дар ин минтақа аст, ки аз ҷумла таҳриму ҷангҳои тиҷоратӣ ва такия ба ақаллиятҳои русизабонро дар бар мегирад. Муаллифи чанд тадқиқоти марбут ба сиёсатҳои Русия ва таҳлилгари маҷаллаи “Экономист” Эдвард Лукас бар ин аст, ки рафтори Маскав бархӯрди Иттиҳоди Аврупоро тағйир дод. Агар дар гузашта Аврупо хостори баробарӣ буд, ҳоло бархӯрди қавитареро ба роҳбарӣ гирифтааст. Аз сӯе ҳам ҳисси соҳибистиқлолии мардум дар ҷамоҳири Шӯравии пешин назар ба солҳои 1990 аҳамияти бештар пайдо кардааст. Вале Русия ҳанӯз ҳам метавонад, бо истифода аз пайвандҳое, ки бо ин кишварҳо дорад, сиёсати худро пеш барад.

Коршинос Лок мегӯяд, дар ин солҳо шабакае, ки миёни саромадони сиёсат ва бизнеси Русия ва ҷамоҳири Шӯравии пешин ба вуҷуд омад, ки шеваи кораш бо арзишҳои Иттиҳоди Аврупо мухолифат дорад. Фасод ва сулолабозӣ дар ин фазо бо меъёрҳои шаффофияте, ки Аврупо пеш мегузорад, дуруст нахоҳанд омад. Ҳамзамон ин элитаҳо аз фармонравоии Маскав хуш нестанд ва фишори бештар метавонад онҳоро аз Русия дур кунад.

Бо вуҷуди ин Русия, зоҳиран, мехоҳад бо ҳар роҳ, ки бошад, аз имзо шудани Қарордоди вобастагӣ миёни Арманистон, Молдова, Украина ва Иттиҳоди Аврупо пешгирӣ намояд. Чунин созишнома, қарор аст, дар ҳамоиши сарони Иттиҳоди Аврупо дар моҳи ноябр дар Вилнюс ба имзо расад. Ҷойи ин Русия аз се кишвари Шӯравии собиқ даъват дорад, ба Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон шомил шаванд.
Алҳол талошҳои Маскав танҳо дар мавриди Арманистон бобарор буд. Рӯзи сеюми сентябр раисиҷумҳури Арманистон Серж Сакисян пас аз мулоқот бо Путин эълом дошт, ки кишвараш ба Иттиҳоди гумрукии Маскав мепайвандад, аммо аз густариши равобит бо Иттиҳоди Аврупо низ даст намекашад.

Таҳлилгар Анна Апплбаум менависад, Арманистон замоне ба чунин иқдом тан дод, ки Русия хостори қатъи кӯмакҳои ҳарбӣ ба Ереван шуд. Ин ҳам дар ҳоли тадриҷан қавитар шудани тавони ҳарбии рақиби он Озарбойҷон.

Аммо Украина бо вуҷуди фишорҳо, аз ҷумла таҳрими молҳояш дар Русия, афзоиши нархи гази русӣ барои Украина ва хатари варшикастагии иқтисодӣ дар майли худ ба сӯи Аврупо устувор монд. Ҳушдори ошкорони Сергей Глазйев, мушовири аршади раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин дар нишасти 21-уми сентябр дар Ялта нидоҳои тамасхуромези ҳайати украиниро ба миён овард.

Баъд аз чанд рӯзаш вазири пешини тиҷорати Украина Петро Порошенко аз Глазйев ташаккур кард, ки баъд аз таҳдидҳои ӯ барои напайвастани Украина ба Қарордоди вобастагӣ бо Иттиҳоди Аврупо дарсади украиниҳои тарафдори ин қарордод аз 30 ба 50 расид.

Русия ба Молдова низ то рафт фишори бештар мениҳад, то рӯйи худро аз Иттиҳоди Аврупо гардонад. 11-уми сентябр Маскав бо баҳонаҳои тиббӣ содироти май ва спирти молдовиро қатъ кард. Дар ҷавоб масъули кишоварзӣ дар Иттиҳоди Аврупо Датсиан Гиёлос пешниҳод намуд, дар арафаи ҳамоиши Вилнюс маҳдудиятҳои содироти Молдова ба кишварҳои аврупоӣ бекор карда шаванд. Вазири корҳои хориҷии Молдова, Наталия Герман ба Радиои Озодӣ гуфт, “кишвараш ба андозаи кофӣ қавист, ки ба фишорҳои Маскав тоб оварад.”
XS
SM
MD
LG