Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: "Ҳеҷ кас набояд силоҳи атомӣ дошта бошад"


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфт, ҳеҷ кишваре ҷаҳон набояд силоҳи атомӣ дошта бошад ва аз Исроил хост, ба Аҳдномаи Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ бипайвандад. Рӯҳонӣ дар як нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи халъи силоҳҳои атомӣ дар Ню Йорк гуфт, Исроил бояд таслиҳоти атомиашро зери назорати ҷомеаи байналмилалӣ бигузорад. Ба эътиқоди аксарият, Исроил соҳиби аслиҳаи атомист, вале давлати Исроил инро расман эътироф накардааст. Дигар ин ки қарор аст, рӯзи панҷшанбе ду мақоми баландпояи Амрикову Эрон дар нишасте дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон дар қароргоҳи Созмони Милал дар шаҳри Ню Йорк гуфтугӯ кунанд. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоии худ ва дипломатҳои баландпояи Бритониёву Фаронса, Русияву Чин ва Олмон мулоқот хоҳад дошт. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаъоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG