Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сюзан Ҷейкобс мушкили фарзандхониро бо мақомоти Қирғиз матраҳ кард


Мушовири вежаи Котиби Давлатии Амрико дар умури байналмилалии кӯдакон, Сюзан Ҷейкобс бо мақомоти Қирғизистон дар Бишкек мулоқот кард. Мавзӯъи суҳбат фарзандхонии бачаҳои қирғиз аз ҷониби шаҳрвандони Амрико буд. Вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон Худойберган Бозорбоев дар ҷараёни мулоқоти рӯзи ҷумъа ба Сюзан Ҷейкобс гуфт, ки таҳияи қонуни нав барои содда кардани фарзандхонии хориҷҳо дар назар аст. Ҷейкобс масъалаи 14 кӯдакро матраҳ кард,ки раванди фарзандхонии онҳо аз тарафи амрикоиҳо то ҳол ба охир нарасидааст. Мақомоти Қирғиз ин равандро соли гузашта дар ҳоле қатъ карданд, ки вазири собиқи рушди иҷтимоӣ Равшан Собиров бо иттиҳоми ришваситонӣ аз фарзандхонӣ ба зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG