Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ бо ситезаҷӯён дар Кения идома кард


Даргирӣ бо тундравони исломӣ дар як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Найробӣ пойтахти Кения идома дорад. Баъди ҳамла ба ин марказ дар рӯзи шанбе то кунун 69 нафар кушта ва 170 тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, то 15 ҷангҷӯи созмони Ал-Шабоби Сомалӣ ва теъдоди номуайяни гаравгонон дар дохили маркази тиҷоратӣ боқӣ мондаанд. Қарор аст, имрӯз Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё масъалаи расидагӣ ба ин бӯҳрон дар Кенияро баррасӣ кунад, чун се бритониёӣ дар ин ҳамла кушта шудаанд. Дигар ин ки Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят рӯзи душанбе гуфт, ки муҳокимаи Вилям Руто, муовини раиси ҷумҳури Кенияро, ки ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мешавад, ба таъхир андохт, то ӯ тавонад барои кӯмак дар рафъи ин бӯҳрон ба Кения баргардад.
XS
SM
MD
LG