Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бушаҳр ба ихтиёри Эрон мегузарад


Қарор аст, имрӯз муҳандисони рус нерӯгоҳи барқи атомии Бушаҳрро дар як маросими вижа ба ихтиёри Эрон бисупоранд. Хабаргузории расмии ИРНА аз қавли Алиакбар Солеҳӣ, мудири Созмони Нерӯи Атомии Эрон, навиштааст, ки дар ин маросим, мақомоти расмии Русия, аз ҷумла аз ширкати "Атомстройэкспорт", паймонкори нерӯгоҳи Бушаҳр ҳузур хоҳанд дошт. Бино ба гузоришҳо, нерӯгоҳи Бушеҳр то ду соли оянда бо кафолату назорати мутахассисони рус кор хоҳад кард, ки барои тавсия ва кӯмакҳои фаннӣ дар Эрон мемонанд. Алиакбар Солеҳӣ гуфтааст, қарор аст, бунёди нерӯгоҳи дуввуми барқи атомӣ дар ҳамкорӣ бо Русия шурӯъ шавад, аммо аз ин бештар ҷузъиёте надодааст.
XS
SM
MD
LG