Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг бо ситезаҷӯён дар Кения идома дорад


Дар пойтахти Кения шаҳри Найробӣ, задухӯрди маъмурони амниятӣ бо тундравони исломӣ аз Сомалӣ дар дохили як фурӯшгоҳи бузург идома дорад. Ду рӯз пеш аз ин ситезаҷӯёни созмони Ал-Шабоб бo ҳамла ба ин фурӯшгоҳ дасти кам 68 нафарро куштанд. Маъмурони амнияти Кения рӯзи якшанбе гуфтанд, ки аксарияти гаравгононро аз дасти ситезаҷӯён раҳо карданд, вале нагуфтанд, ки чӣ қадар озод шудааст ва чанд нафар ҳанӯз дар асорат мондаанд. Аъзои Ал-Шабоб, ки шарики Ал-Қоида маҳсуб мешавад, рӯзи шанбе ба фурӯшгоҳи Вестгейт ҳамла карданд. Вазорати дифоъи Кения бо нашри баёнияе дар Твиттер гуфтааст, ки “аксари гаравгонон раҳо шудаанд” ва маъмурони амнияти қисми зиёди биноро ишғол карданд. Дар миёни қурбониёни ҳамла, шаҳрвандони Бритониё, Канада, Чин, Фаронса ва Ҳинду Ҳолланд низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG