Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Меркел дигарбора дар интихобот пирӯз шуд


Эътилофи аҳзоби сиёсӣ ба раҳбарии Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар интихоботи порлумонӣ пирӯзӣ ба даст овард ва барои даври саввумӣ раҳбарии ин иқтисоди қавитарини Аврупо омода мешавад. Бар асоси натиҷаҳои расмӣ ва комил, ҳизби муҳофизакори Масеҳиёни Демократ ва Ҳизби Масеҳиёни Сотсиалист рӯзи якшанбе 41,5 дар сади раъйи мардумро ба даст овардаанд. Аммо як шарики дигари Ангела Меркел дар ҳукумати эътилофӣ, Ҳизби Демократҳои Озоди Олмон, камтар аз 5 дар сад раъйи мардумро ба даст оварда ва натавонист, ба порлумон ворид шавад. Аз ин рӯ Ангела Меркел барои ташкили ҳукумати эътилофӣ бояд бо Ҳизби Сотсиал Демократ музокира кунад, ки баъди ҳизби худи Меркел бештарин оро, яъне 25,7 дар сад раъйи мардумро ба даст овард. Зоҳиран то ташкили ҳукумати Олмон чанд ҳафта хоҳад гузашт, зеро музокирот дар ин замина сахт хоҳад буд. Ангела Меркел, саввумин садри аъзами олмон аст, ки пас аз Конрад Аденауер ва Ҳелмут Кол се маротиба дар ин Олмон ҳукумат мекунад.
XS
SM
MD
LG