Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёиш дар калисои Пешовар ба мотам табдил шуд


Мақомоти Покистон ҳамлаи ахир дар як калисои шаҳри Пешоварро “мудҳиштарин ҷиноят алайҳи насрониҳо” дар солҳои ахир арзёбӣ карданд.

Бар пояи иттилои ахир, бар асари ду таркиши маргталабона дар калисои масеҳии Иоанни Муқаддас дасти кам 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Тақрибан 70 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Табибон вазъи бештари осебдидагонро вахим арзёбӣ кардаанд. Бар пояи бархе хабарҳо, дар ин ҳамла ду корманди полис ҳам кушта шудаанд.

Ин нахустин ҳамлаи хунбор алайҳи масеҳиҳо дар Покистон дар чанд соли ахир аст.

Муовини раиси полиси Пешовар Зоҳир ул-Ислом баъд аз ин ҳамла ба хабарнигорон тайид кард, ки он аз сӯи маргталабҳо сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, маргталабҳо дар ҳоле вориди калисо шудаанд, ки насрониҳо ниёиши рӯзи якшанберо хатм карда буданд. Ҳангоми таркишҳо дар калисо тақрибан 600 нафар ҳузур доштанд.

Яке аз шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории AFP гуфтааст, ки ӯ аз зарбаи таркиши мудҳиш ба замин афтид ва ба думболи ин садои инфиҷор дуввум ба гӯшаш расид. Назир Хони 50-сола мегӯяд, замоне, ки ба худ омад, дар атрофаш одамони зиёди маҷрӯҳшударо дид.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ин ҳамларо шадидан маҳкум кард ва гуфт, ки “куштори мардуми бегуноҳ алайҳи таълимоти Ислом ва ҳама адён аст”.

Тақрибан чаҳор дар сади аҳолии Покистон пайравони дини насрониянд. Онҳо ба масоили сиёсӣ тақрибан сару кор надоранд ва аммо бо вуҷуди ин мавриди ҳамлаи ифротгароҳо қарор мегиранд. Соли 2009 дар шаҳри Гоҷра баъди паҳн шудани хабари беэҳтиромӣ ба нусхаи китоби Қуръон аз сӯи як насронӣ издиҳом калисоро ба оташ кашид ва ҳашт насрониро ба қатл расонд.

Насрониҳо дар Покистон баъзан бо иттиҳоми таҳқири ислом дар додгоҳ муҳокима мешаванд. Созмонҳои байнулмилалӣ Покистонро ба феҳристи кишварҳои барои аққалиятҳои қавмиву мазҳабӣ пурхатар шомил кардаанд.

Масъулияти ҳамлаҳои ахир дар Пешоварро ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст. Дар атрофи Пешовар, маркази маъмурии вилояти Хайбар-Пахтунхва, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротгаро ва Толибони Покистон фаъоланд.


Таркиш дар калисои Пешовар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00
XS
SM
MD
LG