Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин ғарғараи барқии Бушаҳр ба Эрон супурда мешавад


Нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр
Аввалин блок ё ғарғараи барқии нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр, ки аз сӯи Русия бунёд шудааст, рӯзи душанбе дар ихтиёри Эрон қарор мегирад. Дар ин бора рӯзи якшанбе раиси Созмони нерӯи ҳастаии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ хабар дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки тайи ду соли оянда дар нерӯгоҳ мутахассисони рус кор хоҳанд кард. Қарор аст, ки намояндагони Русия дар маросими ба Эрон интиқол додани нерӯгоҳ ширкат кунанд.

Бунёди нерӯгоҳи атомӣ дар Бушаҳр ҳанӯз солҳои 70-уми қарни гузашта аз сӯи ширкати олмонии "Симменс" шурӯъ шуда буд ва аммо баъд аз инқилоби исломӣ дар Эрон мутаваққиф гардид. Соли 1994 Русия барои анҷом додани сохтмони нерӯгоҳ ва таъмини он бо маводи сӯхт изҳори омодагӣ кард. Бунёди нахустин дар Эрон нерӯгоҳи ҳастаӣ соли 2011 анҷом ёфт ва он оғози ҳамин сол ба тавлиди нерӯи барқ шурӯъ кард.

Алӣ Акбар Солеҳӣ изҳор намуд, ки Теҳрон ва Маскав дар мавриди бунёди реактори дуввум дар Бушаҳр музокира мекунанд ва интизор дорад, ки бунёди муассисаи нави ҳастаӣ ба зудӣ шурӯъ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG