Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталабҳо ба қароргоҳи полиси Баинҷӣ ҳамла карданд


Дар шаҳри Баинҷии Ироқ рӯзи шанбе чаҳор маргталаб ба қароргоҳи полис ҳамла карданд. Дасти кам 6 корманди нерӯҳои зудамал ба ҳалокат расиданд. Дар тирандозӣ яке аз ҳамлагарон кушта шуданд, дигарон баъд аз расидани нерӯҳои зудамал худро таркониданд. Баинҷӣ дар 180 километрии шимоли Бағдод ҷойгир аст.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Ба иттилои СММ, моҳи август бар асари хушунат ва ҳамлаҳои интиҳорӣ тақрибан 800 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG