Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович: Афви Тимошенко осон нахоҳад буд


 Президенти Украина Виктор Янукович
Президенти Украина Виктор Янукович
Президенти Украина Виктор Янукович мегӯяд, ӯ имкони раҳоии пеш аз мӯҳлати рақиби сиёсиаш Юлия Тимошенкоро арзёбӣ дорад.

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Ялта Янукович гуфт, тақдими афв ба сарвазири собиқ Тимошенко, ки ҳоло ҳабси ҳафтсоларо дар зиндон сипарӣ мекунад, амри осон нахоҳад буд.

Тимошенко соли 2010-ум бо ҷурми сӯиистифода аз мансаби сарвазир аз озодӣ маҳрум шудааст.

Украина умед дорад, ки моҳи ноябр созиши коршарикӣ ва тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо хоҳад кард. Иттиҳодияи Аврупо талаб дорад, ки Украина ислоҳоте раҳандозӣ намуда, аз ҷумла “адолатхоҳии интихобӣ”-ро бартараф мекунад.
XS
SM
MD
LG