Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин умедвор аст, Сурия ба аҳдаш вафо мекунад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, бовар дорад, ки ҳукумати Сурия бар аҳдаш вафо карда ва бар тибқи созиши Русияву Амрико, аслиҳаи кимиёишро маҳв мекунад. Ӯ рӯзи панҷшанбе ҳамчунин гуфт, асоси воқеъӣ дорад, ки бигӯяд, ҳамлаи 21 август дар ҳошияи шаҳри Димишқ «як иғвои маккорона» буд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, гузориши Созмони Милал собит кард, ки истифода аз ин навъи аслиҳа кори дасти нерӯҳои ҳукуматии Сурия будааст. Дар ин ҳамла бештар аз 1400 нафар кушта шудаанд. Ҳукумати Сурия ва Русия мегӯянд, ки аслиҳаи кимиёиро шӯришиён ба кор бурдаанд. Худи Башор Асад, рӯзи панҷшанбе дар як мусоҳибаи телевизионӣ, гуфт, ки барномаи мавҳи аслиҳаи кимиёиро иҷро хоҳад кард, вале барои ин як сол ва як миллиард доллар лозим хоҳад шуд. Ӯ дигарбора гуфт, ки истифода аз аслиҳаи кимиёӣ кори дасти ҳукумати ӯ нест.
XS
SM
MD
LG