Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Аҳди ҳамкории крикетбозони Афғонистону Тоҷикистон

Имрӯз дар Кобул миёни Крикет Борд (Раёсати крикет) -и Афғонистон ва Федератсияи крикети Тоҷикистон тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо шуд.
Нурмуҳаммади Мурод, раиси Крикет Борди Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш ба Тоҷикистон барои омӯзишҳои тактикӣ ва техникии крикетбозони Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Вай афзуд, Крикет Борд як тренер, як довар ва лавозимоти варзиширо дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Вай афзуд, тибқи ин тавофуқ бозии дастаи крикети «Алиф» - и Афғонистон ва тими миллии Тоҷикистонро баргузор мекунад ва болои тарҳе бо номи «Роҳи абрешим» ҳам кор хоҳанд кард, ки дар доираи он тимҳои Хайбар Паштунхва -и Покистон, «Алиф» - и Афғонистон ва Тими миллии Тоҷикистон бо ҳам мусобиқа мекунанд.
Крикет Борди Афғонистон соли 2009 ташкил шуда, тимҳояш то ба ҳол дар 40 мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок карда, дар 22 – тои он баранда шудаанд. Соли равон дастаи то 19 – солаҳои афғон дар сатҳи Осиё ҷои аввалро гирифта, дар мусобиқоти ҷаҳонии соли 2014 ширкат хоҳанд кард.
Афғонистон моҳи июни соли ҷорӣ дар Шӯрои байнулмилалии крикет узвияти дараҷаи 2 – ро ба даст овард ва дар сатҳи ҷаҳон дар ҷои 12 қарор дорад.
Федератсияи крикети Тоҷикистон соли 2011 ташкил шуда, соли 2012 узвияти Шӯрои крикети Осиёро ба даст овард. Бино ба иттилои Исмат Исломбек, раиси Федератсияи крикети Тоҷикистон ин ниҳод ҳоло 8 тим дорад ва асосан бо тимҳои Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.
Крикет навъи варзишест, ки дар асри 18 дар Инглистон ба вуҷуд омада, асосан дар кишварҳое, ки таҳти мустамликаи Бритониё буданд, назири Автстралия, Ҳинд, Покистон, Шри Ланка, Зимбабве ва ғайра рушд кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мадумаров хост, Тошиевро барои овардани аслиҳа ба порлумон муҳокима кунанд

Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев

Яке аз вакилони шинохтаи Қирғизистон, Адахон Мадумаров, аз порлумони ин кишвар хостааст, рафтори Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллиро баррасӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Тошиев бар хилофи қонун ба маҷлисгоҳи вакилони мардумӣ аслиҳа овардааст.

Мадумаров рӯзи 28-уми сентябр дар ин ҷаласа гуфтааст: “Ин воқеият, ки раиси Кумитаи амният ба порлумон ду қуттӣ аслиҳа меорад, амали барбарона аст. Ҳамчун ниҳоди қонунгузор мо бояд қонунманд будани ҳар амалеро арзёбӣ кунем, вагарна бояд бидонем, ки Маҷлиси намояндагон вазифаи худро иҷро карда наметавонад.”

Баҳси рафтори Қамчибек Тошиев дар ҷаласае бархостааст, ки вакилони мардумии Қирғизистон муноқишаро дар марзи он кишвар бо Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.

Ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ягон вакил дар бораи ба толори порлумон аслиҳа овардани Қамчибек Тошиев суҳбат накардаанд ва хадамоти амнияти миллии Қирғизистон ин иддаоро рад кардааст.

Дар натиҷаи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизстон, ки аз 14-ум то 17-уми сентябр идома кард, аз ҳарду тараф бештар аз 100 нафар кушта шуданд.

Зарбаҳои мушакии Русия ҳазорон нафарро дар Харков бебарқ гузошт

Шаҳри Харков. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Украина рӯзи 28-уми сентябр гуфтанд, зарбаҳои мушакии Русия ба шаҳри Харков дар шабонарӯзи гузашта бештар аз 18 ҳазор хонаро бе нерӯи барқ гузоштааст.

Олег Синеҳубов, раиси шаҳри Харков, гуфт, нерӯҳои Русия мушакҳои S-300 ба кор бурдаанд, ки барои маҳви ҳавопаймоҳо ба кор меравад.

Ба қавли Олег Синеҳубов, Русия ин мушакҳои қавиро барои вайрон кардани зербунёдҳои Украина истифода мебарад.

Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Харков гуфт, дар натиҷаи зарба, зеристгоҳи барқӣ ва як коргоҳ нобуд шудааст.

Ҳеч гузорише дар бораи талафот нарасидааст, вале ба қавли идораи барқи вилоят 18500 муштарӣ дар ноҳияҳои Шевченскивски, Холодногорский ва Новобарский бе неруи барқ мондаанд.

Порлумони Қирғизистон берун бурдани 19 тонна тилоро таҳқиқ мекунад

Вакилони порлумони Қирғизистон барои таҳқиқи берун бурдани 19 тонна тило аз ин кишвар комиссияеро ташкил карданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии порлумон, ба ҳайати комиссия вакилон Марлен Маматалиев, Адахон Мадумаров, Исҳоқ Масалиев, Марат Мураталиев, Улуғбек Ормонов, Мақсад Сарбагишев, Жанар Акаев, Балбак Тулобаев, Нилуфар Олимҷонова, Арсланбек Малиев ва Шайлообек Атазов шомил шудаанд.

Қаблан бахши қирғизии Радиои Озодӣ муайян кард, ки мақомоти Қирғизистон харидорони 19 тонна тило ба маблағи 1,1 миллиард доллар, баробар ба 40 дарсади содироти ин кишварро дар соли 2021 махфӣ гардонидаанд.

Кумитаи миллии омори Қирғизистон гуфт, номи муштарӣ бо хоҳиши худи ӯ пинҳон нигаҳ дошта мешавад. Баъдтар Бонки миллии он кишвар хабар дод, ки ин ниҳод ба далели ба даст овардани доллари нақдина тилоҳоро фурӯхтааст.

Дар Русия фирориёнро аз басеҷ рӯйхат мекунанд

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин гуфт, шаҳрвандонеро, ки пас аз эъломи басеҷ кишварро тарк мекунанд, рӯйхат хоҳанд кард.

Бино ба навиштаи нашрияи ҳукуматии "Российская газета", Володин дақиқ нагуфт, ки барои чӣ рӯйхат мекунанд ва танҳо гуфт, масъалаҳое ҳастанд, ки баъди баргашти чунин шаҳрвандон "матраҳ хоҳанд шуд".

"Ба фикри шумо, онҳо рафтанд ва касе намебинад, ки кӣ рафт ва чаро рафт?", - изҳор дошт ӯ 28-уми сентябр дар ҷаласаи Дума.

Ба гуфтаи ӯ, русиягиҳо аз басеҷ ба кишварҳои Ҷомеаи иқтисодии Авруосиё, ки Москва дар онҷо суботро "таъмин кардааст", фирор мекунанд.

Бештари русиягиҳое, ки дар пайи эъломи басеҷ мехоҳанд кишварро тарк кунанд, ба далели навбатпоиҳои зиёд дар марз мошинҳои худро гузошта, берун мераванд. Дар ҳамин ҳол раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки ин мошинҳо ба хонаводаҳои ниёзманд дода шавад.

Дар эътирозҳои Эрон 60 кас кушта шудааст

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон.

Эътирозҳо дар шаҳру вилоятҳои Эрон, ки 16-уми сентябр, баъди марги Маҳсо Аминии 22-сола шуруъ шуда буданд, ҳанӯз ҳам идома доранд.

Бино ба хабари расонаҳо, 27 сентябр миёни кормандони пулис ва тазоҳургарон задухӯрд сурат гирифтааст. Дар натиҷа бештари эътирозгарон дастгир шудаанд.

Хабаргузории "Форс" иттилоъ додааст, ки аз 16 сентябр то ба ҳол дар натиҷаи задухӯрдҳо дасти кам 60 кас ҷон бохтааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ба далели қатъи интернет наметавонад аз ҷараёни эътирозҳо видео нашр кунанд.

Созмони ҳуқуқи башари Эрон гуфт, дар ҷараёни эътирозҳо дасти кам 76 нафар кушта ва 1200 кас боздошт шудааст. Хабаргузории "Тасним" навиштааст, ки дар миёни эътирозгарони боздоштшуда Фоиза Ҳошимӣ, духтари Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон низ ҳаст.

Маҳсо Аминии 22-сола рӯзи 12-уми сентябри имсол ба иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоби комил аз тарафи пулиси “гашти иршод”-и Эрон дастгир шуд. Аминиро баъди се рӯз дар ҳолати кома ё беҳушӣ ба шифохона бурданд ва ӯ дар онҷо даргузашт. Маргаш боиси тазоҳуроти густурда дар саросари Эрон шуд.

Вазири маорифи Қирғизистон боздошт шуд

Алмосбек Бейшеналиев, вазири маориф ва илми Қирғизистон.

Вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев дар доираи як парвандаи ҷиноӣ боздошт шудааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабар додааст, ки Бейшеналиев бо гумони тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир гаштааст.

"Зидди ӯ бо гумони гирифтани пора ба миқдори махсусан калон - 110 ҳазор доллар тафтишот оғоз шудааст. Барои дохил кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои ватанӣ пул гирифтаанд. Ҷузъиёти парванда баъди анҷоми тафтишот пурра пешниҳод мешавад", -омадааст дар хабари вазорат.

Юлия Вишневетская дар Махачқалъа 5 рӯз ҳабс шуд

Юлия Вишневетская

Юлия Вишневетская, хабарнигори ғайриштатии Радиои Озодӣ, ки 26-уми сентябр дар Махачқалъа, маркази Доғистон, дастгир шуда буд, ба иттиҳоми “иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷоза” алайҳи сафарбарӣ ба артиш панҷ рӯз ҳабс шуд.

Вишневетская дар додгоҳ гуфт, ҳамчун рӯзноманигор ба гирдиҳамоӣ рафта буд, то назари мардумро дар бораи басеҷ бифаҳмад.

Ӯ ва рӯзноманигорони дигарро дар тазоҳуроти рӯзи душанбе дастгир карданд. Онҳо дар идораи пулис ба муддати дароз ба телефон ва вакили мудофеъ дастрасӣ надоштанд.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, боздошти Юлия Вишневетскаяро маҳкум кард. Ӯ гуфт, "Юлия танҳо масъулияти хабарнигорияшро анҷом медод ва ба манфиати мухотабон дар Русия кор мекард. Бояд фавран озод карда шавад."

Рӯзи 26-уми сентябр дар шаҳри Махачқалъа чанд сад нафар ба нишони эътироз алайҳи сафарбарии мардон ба ҷанг бо Украина баромаданд. Ба гузориши сомонаи “Кавказ.Реалии”, пулис он рӯз 110 нафарро боздошт кард.

Русия гуфт, бозгардондани шаҳрвандонашро талаб намекунад

Гурҷистон, 27-уми сентябри 2022

"Вазорати мудофиаи Русия ба ҳукуматҳои Қазоқистону Гурҷистон ва кишварҳои дигар барои баргардондани шаҳрвандоне, ки аз басеҷ фирор кардаанд, муроҷиате накард ва чунин тасмим надорад." Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.

Пештар Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфта буд, он шаҳрвандони Русия, ки аз басеҷ гурехтаанд, дар сурати дархости истирдодашон, ба Русия фиристода хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар марзи Русия бо Гурҷистон рӯзи 27-уми сентябр нуқтаи даъват ба артиши Русия таъсис шудааст. Ин иттилоъро дар ҳукумати Осетияи Шимолӣ тасдиқ карданд.

Роҳбарони хадамоти иктишофии ОМ дар Маскав ҷамъ мешаванд

Владимир Путин

Роҳбарони мақомоти қудратӣ ва махсуси кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) охири ҳафта дар Маскав ҷаласа баргузор мекунанд.

Хабаргузориҳои Русия бо такя ба сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хабар доданд, ки президент Владимир Путин тасмим дорад, бо роҳбарони мақомоти қудратии кишварҳои пасошӯравӣ тариқи видео гуфтугӯ кунад.

Пештар аз ин расонаҳои Русия навиштанд, ки дар мулоқоти рӯзи 30-юми сентябр дар Маскав ҳайатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон гирди ҳам меоянд ва Путин он рӯз бо онҳо гуфтугӯ мекунад.

Панҷ раиси ноҳияро дар Узбекистон барои "беодобӣ" гирифтаанд

Акси раиси ноҳияи Андиҷони Узбекистон Абдуҷаббор Эгамбердиев моҳи августи соли ҷорӣ дар шабакаҳои нашр шуд

Дар Узбекистон рӯзи 27 сентябр якбора раисони панҷ ноҳия - Асакин, Андиҷон, Пахтаобод, Фарғона ва Нурободро аз мақом барканор карданд.

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Узбекистон, ин раисон ба далели риоя накардани ахлоқи роҳбарӣ аз мақом барканор шудаанд.

Моҳи декабри соли 2021 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он дида мешуд, Мансурбек Алихонов, раиси ноҳияи Асакин бо лафзи қабеҳ бо сокинон гуфтугӯ мекунад. Баъди нашри навор сухангӯи раиси ноҳия аз мақом барканор шуда буд.

Акси раиси ноҳияи Андиҷони Узбекистон Абдуҷаббор Эгамбердиев моҳи августи соли ҷорӣ дар шабакаҳои нашр шуд, ки дар он дида мешуд, раис бо сокинон дар ҳоле суҳбат дорад, ки худ нишаста ва сокинон рост истодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар Женева гузориш хоҳанд дод

Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милал ҳафтаи оянда гузориши ҳукумати Тоҷикистонро хоҳад шунид, ки дар 5 соли гузашта барои баҳбарадории шаҳрвандонаш аз ин ҳуқуқ чӣ корҳое анҷом додааст.

Дар ҷаласаи кумита, ки рӯзи 26-уми сентябр дар шаҳри Женева оғоз ёфт, ҳамроҳи Тоҷикистон панҷ кишвари дигар, аз ҷумла Итолиёву Муғулистон ҳам гузориш хоҳанд дод.

Мақомоти баландпоя, аз ҷумла вазирон ва дигар намояндагони ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 4-5-уми октябр дар ҳузури 18 коршиноси байнулмилалии мустақил дар бораи тадбирҳои анҷомдодаи кишвар барои таъмини ҳуқуқи иқтисодӣ, маданӣ ва фарҳангии мардум ҳисобот медиҳанд.

Тоҷикистон, ки ба Аҳдномаи байнулмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милал пайвастааст, бар тибқи он аҳд додааст, ки барои мардум ҳаққи кор кардан дар шароити одилона ва муносиб, бархурдорӣ аз ҳимояти иҷтимоӣ, меъёрҳои зиндагии ризоиятбахш, ҳаққи омӯзишу парвариш ва баҳрабардорӣ аз озодиҳои фарҳангӣ ва пешрафти илмиро таъмин мекунад.

Гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милал дар бораи иҷрои аҳдномаи байнулмилалӣ дар замоне мувофиқ омадааст, ки ҳукумат барои зери по кардани ҳуқуқи мардум, нотавонӣ дар таъмини шароити муносиб барои кору зиндагӣ ва дахолат ба кори фарҳангиёну таъқиби баъзе аз онҳо сахт танқид мешавад.

Гирдиҳамоии сокинони Бодканди Қирғизистон

Таҷаммӯи сокинони Бодканд, 28-уми сентябри 2022

Сокинони шаҳри Бодканди Қирғизистон рӯзи 28-уми сентябр гирди ҳам омада, шарҳи тасмимҳоро дар масъалаи марз бо Тоҷикистон хостанд. Ба навиштаи расонаҳо, дар гирдиҳамоӣ ҳудуди 100 кас иштирок кард.

Як рӯз пеш сокинон дар назди бинои ҳукумати вилояти Бодканд ҷамъ шуда, ҳамчунин талаби шарҳи тасмимҳои ахирро дар робита ба масъалаи марз карданд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 25-уми сентябр хабар дод, барои пешгирӣ аз низоъҳои оянда тасмим гирифтаанд, посгоҳҳои марзиеро бардоранд, ки "пайваста боиси сар задани низоъҳо мешаванд".

Ба ин тартиб, дидбонгоҳҳои "Тамдиқ", "Булак-Бошӣ", "Катта-Туз" ва "Дача" аз ҷониби Қирғизистон ва "Бедак", "Кех", "Қарочиқум" ва "Шаршара" аз ҷониби Тоҷикистон бардошта мешаванд.

Вакилони порлумони Қирғизистон талаб доранд, ки барои омӯзиши санадҳои имзокардаи Тошиев бо ҳамтои тоҷикистониаш кумисюни махсус таъсис шавад. Султонбой Айжигитов, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, созишномаҳои ахир иҷборан имзо шудаанд ва бояд бекор карда шаванд.

Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.

Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.

Дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам мекунанд.

Дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шудааст?

Акс аз бойгонӣ

Сокинони чанд минтақаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ду рӯз боз интиқоли барқ ба хонаҳояшон "чанд соат" қатъ мешавад.

Аз ҷумла, чанд нафар рӯзи 28-уми сентябр аз минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Турсунзода навиштанд, ки "аз соати 10-и шаб то 4-и субҳ ва аз соати 8-и субҳ то 11-и рӯз" барқ надоранд.

Мардум аз он нигаронанд, ки ба монанди солҳои гузашта бидуни огаҳӣ "лимит" ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани маҳдудиятро рад карданд. Онҳо гуфтанд, агар дар ҷое барои чанд соат барқ қатъ шудааст, “бо сабаби таъмири зеристгоҳҳо аст”.

Ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи март ё апрел дар Тоҷикистон интиқоли барқ ба хонаи сокинон маҳдуд мешавад.

Мақомот расман маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро эълон намекунанд ва набудани барқро ба таъмири зеристгоҳҳо ва симчӯбҳо пайванд медиҳанд.

"Beeline"-и Қазоқистон пахши "Шабакаи аввал" ва "Россия 24"-ро бас мекунад

Ширкати мобилии "Beeline"-и Қазоқистон бо фиристодани як паёмак хабар дод, ки пахши шабакаҳои телевизионии Русия дар бастаи "Интернети телевизионӣ дар хона" ва хидматрасонии "BeeTV" аз 5-уми октябри имсол бас карда мешавад.

Сухан дар бораи "Дом кино", "Победа", "О!", "Первый канал СНГ", "НТВ МИР", "Карусель International", "Россия 24", "Музыка Первого", "РТР Планета", "Время: далекое и близкое", "Телекафе", "Поехали", "Дом кино Premium HD", "Бобёр" ва "Россия К" меравад.

Дар паёмак гуфта шудааст, ки шабакаҳои мазкур бо шабакаҳои "Еврокино", "Любимое Кино", "1HD music" ва "Еда Премиум HD" иваз карда мешаванд.

Баъди ҳамлаи низомии Русия ба Украина, дар Қазоқистон аз таъсири таблиғоти давлатии Кремл ба худшиносии миллии қазоқистониён тавассути расонаҳои рӯ ба Москва бештар нигаронӣ мешавад.

Пулиси Олмон "Дилбар"-и Алишер Усмоновро бозҷӯӣ кард

Алишери Усмонов, соҳибкори шинохтаи Русия.

Пулиси Олмон киштии 156-метрии "Дилбар"-ро, ки ба соҳибкори рус Алишер Усмонов тааллуқ дорад, бозҷӯӣ кардааст. Усмонов ба пулшӯӣ, нақзи қонун дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз гумонбар мешавад.

Бино ба хабари "Der Spiegel", дар бозҷӯии киштӣ тақрибан 60 узви комиссияи махсуси "Украина", аз ҷумла муфаттишони Идораи федеролии пулиси ҷиноӣ ва муфаттишони андоз аз Рейн-Вестфалии Шимолӣ ширкат кардаанд.

Киштии "Дилбар"-и Усмонов, ки соли 2016 бар ивази 600 миллион доллар харидорӣ шуда буда, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Бремен қарор дорад. Мақомоти Ҳамбург онро моҳи марти соли 2022 мусодира карда буданд.

Қаблан низ чандин амволи ғайриманқул, аз ҷумла хонаи боҳашамат дар назди кӯли Тегернз дар Бавария, ки ба Усмонов рабт дода мешаванд, бозҷӯӣ шуда буданд.

Бозҷӯӣ дар 24 иншоот баргузор ва дар он 250 кас иштирок кардааст, хабар доданд аз додситонии Олмон. Ба бовари тафтишот, Усмонов бо пардохти ҳаққи музди муҳофизон муқаррароти таҳримҳоро вайрон кардааст.

Усмонови 69-сола - яке аз сарватмандтарин шаҳрвандони Русия аст. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро 11,5 млрд доллар баҳо медиҳад. Усмонов моҳи феврали имсол, баъди шуруи ҳамла ба Украина ҳамчун одами наздики президенти Русия, Владимир Путин, шомили рӯйхати таҳримҳои кишварҳои Ғарб шуд.

Баъди авҷгирии сафари русҳо, Тоқаев ваъдаи гуфтугӯ бо Маскавро дод

Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки дар робита ба авҷгирии сафари русиягиҳо ба Қазоқистон бо ҷониби Русия гуфтугӯ хоҳад кард.

"Зарбулмасали қазоқӣ ҳаст, ки мегӯянд: "Муносибатҳои нек бо ҳамсояҳо - кафили оромӣ аст". Нигаҳ доштани созиш бо ҳамсояҳо хеле муҳим аст. Мо аз ин зиёне намебинем. Дар рӯзҳои ахир аз Русия одамони зиёде ба кишвари мо меоянд. Бисёрии онҳо маҷбур шудаанд, ки ба далели вазъи пешомада сафар кунанд. Мо бояд нисбати онҳо ғамхорӣ изҳор намоем ва амнияташонро таъмин кунем. Ин масъалаи сиёсӣ ва башарӣ аст. Ман ба ҳукумат дастури чораандешӣ додаам", - гуфт Тоқаев рӯзи 27-уми сентябр.

"Мо гирифтори буҳрон нестем ва мушаввашӣ ҳам надорем. Ҳукумат бояд корашро анҷом диҳад. Ба онҳое ки аз хориҷ омадаанд, кӯмак расонида мешавад, аммо онҳо ҳеч имтиёзе дарёфт нахоҳанд кад. Мо бо ҷониби Русия гуфтугӯ мекунем ва ин масъаларо ба манфиати кишвари худ ҳал менамоем", - гуфт Тоқаев.

Баъди он ки рӯзи 21-уми сентябр Владимир Путин, президенти Русия фармони басиҷро содир кард, ҳазорон шаҳрванди он кишвар талоши ба хориҷ рафтанро карданд. Дар натиҷа дар марзи Русия бо Қазоқистон навбатпойии тӯлонӣ ташкил шуд.

Ба 82 шаҳрванди Қирғизистон дипломи тақаллубӣ додаанд

Додситонии кулли Қирғизистон дар Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи он кишвар тафтиш анҷом ва ошкор кардааст, ки ба 82 донишҷӯи он донишгоҳ дипломи қалбакӣ додаанд.

Додситонӣ хабар додааст, ки ин донишҷӯҳо дар риштаи "Омӯзгорӣ" таҳсил ва дар бораи 2-3 сол дарс додан дар мактабҳои миёни ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ пешниҳод ва ба ин тартиб, диплом гирифтаанд.

"Мудирони бархе аз мактабҳо дар вилояти Ҷалолобод фармонҳои дурӯғин содир ва ба 82 донишҷӯ бидуни фаъолият дар мактаб дафтарчаи меҳнатӣ додаанд. Дар натиҷа ба давлат дар ҳаҷми 8,5 млн сом зиёни молӣ расидааст", - омадааст дар хабари додситонии он кишвар.

Дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот давом дорад.

Ҷанҷоли дипломатии Ҷопону Русия

Вазири умури хориҷии Ҷопон Ҳаяшӣ Йошимаса

Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон сафири Русия дар он кишвар Михаил Гулизинро ба вазорат даъват кард.

Ба сафир эътирози Ҷопон дар робита ба боздошти консули ин кишвар дар Владивостоки Русия расонида шуд. Хадамоти амниятии Русия рӯзи якшанбе консули Ҷопонро ба гумони ҷосусӣ боздошт кард.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон аз Русия талаб кардааст, ки дар робита ба боздошти консул Мотоки Татсунорӣ расмаен узр пурсад. Вазири Ҷопон гуфт, дипломат ҷинояте содир накардааст.

Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ рӯзи якшанбе аз боздошти консули Ҷопон хабар дод. ФСБ гуфт, Татсунорӣ дар ивази маблағ маълумоти махфиеро дар бораи робитаҳои Русия бо кишварҳои дигар ва таъсири таҳримҳо ба иқтисоди Русия дарёфт кардааст.

Хадамоти матбуотии ФСБ навореро нашр кард, ки дипломат дар қаҳвахонае ҳуҷҷатҳоеро дарёфт мекунад ва баъди боздошт ба амалҳои ғайриқонунии худ иқрор менамояд.

Татсунорӣ "персона нон грата" эълом ва ба тарки Русия вазифадор шудааст. Эҳтимол меравад, Ҷопон ҳам як дипломати Русияро ихроҷ кунад.

Муносибатҳои Маскав ва Токио ба бадтарин сатҳ расидаанд. Баъди ҳамлаи Русия ба Украина Ҷопон ба таҳримҳои Ғарб нисбати Русия пайваст.

ВКД-и Қазоқистон гуфт, русҳои фирориро ба Русия намефиристанд

Навбат дар сарҳади Русия ва Қазоқистон

Қазоқистон шаҳрвандони Русияро, ки аз басиҷи низомӣ фирор кардаанд, ба Русия истирдод намекунад. Дар ин бора рӯзи 27-уми сентябр вазири корҳои дохилии Қазоқистон Марат Ахметҷонов хабар дод.

Вай афзуд, миёни Қазоқистон ва Русия дар мавриди табодули зиндониён ва истирдоди ҷинояткорон созишнома амал мекунад. "Муҳимтарин нукта дар шартнома ин аст, ки ҳам дар кишвари мо ҳам дар Русия амали шаҳрванд ҷиноят дониста шавад", - гуфт Ахметҷонов.

Вай илова кард, асос барои истирдоди шаҳрванди хориҷӣ - парвандаи ҷиноие аст, ки дар кишвараш нисбати вай боз кардаанд.

"Агар комиссариатҳои ҳарбӣ дархости истирдод кунанд, пас ин барои истирдод асос шуда наметавонад", - гуфт вазир.

Баъди он ки рӯзи 21 сентябр Владимир Путин, президенти Русия фармони басиҷро содир кард, ҳазорон шаҳрванди он кишвар талоши ба хориҷ рафтанро карданд. Дар натиҷа дар марзи Русия бо Қазоқистон навбатпойии тӯлонӣ ташкил шуд.

Дар Қирғизистон истеъфои Қамчибек Тошиевро талаб карданд

Қамчибек Тошиев

Як созмони мухолиф дар Қирғизистон истеъфои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиевро талаб кардааст.

Масъулони "Ҷунбиши муттаҳидаи демократӣ" рӯзи 27-уми сентябр гуфтанд, аз қарори бардоштани чаҳор посгоҳ дар минтақаҳои сарҳадии Қирғизистон бо Тоҷикистон норозиянд.

Раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр дар пайванд ба сарҳад санади нав имзо карданд. Ҷониби Тоҷикистон онро "қатъи муноқиша дар марз" номид. Қамчибек Тошиев дар бораи бардоштани ҳашт посгоҳ (чаҳор посгоҳӣ аз ду тараф) хабар дод.

Гап дар бораи "Бедак", "Кех", "Қарачиқум" ва "Шаршара"-и Тоҷикистон ва "Тамдиқ", "Булак-Бошӣ", "Катта-Туз" ва "Дача"-и Қирғизистон меравад.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон бовар доранд, бо бардоштани посгоҳҳо манбаи низоъро аз байн мебаранд, "Ҷунбиши муттаҳидаи демократӣ" гуфтааст, "сокинони Бодканд бе ҳимоят монданд".

"Дар 30 соли истиқлол кишвари мо ҳеч гоҳ ба чунин вазъи душвор дучор наомада буд, ки ҳоло рӯбарӯ шудааст. Қарорҳои қабулшуда ва санадҳои имзокардаи Тошиев бо мавқеи президент дар Созмони Милал мухолифанд," -- омадааст дар эъломияи Ҷунбиш.

Масъулони созмон дар баробари истеъфои Қамчибек Тошиев ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ӯро низ хостаанд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳороти "Ҷунбиши муттаҳидаи демократӣ"-ро шарҳ надодааст.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сар зад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, беш аз 40 ғайринизомӣ кушта ва дусад нафари дигар захмӣ шуданд, вале омори низомиёни ҳалокшударо нагуфт. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ, мақомоти маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхати 74 қурбониро таҳия кард.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ин ҳодиса 62 кас кушта, тақрибан 200 нафар захмӣ ва садҳо иншоот қисман ё пурра вайрон шуданд.

Ду тараф якдигарро ба таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд.

  • Қирғизистону Тоҷикистон тақрибан 1000 километр марз доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол дар солҳои 90-ум то кунун натавонистаанд, садҳо километри онро таъйину аломатгузорӣ кунанд.
  • Афзоиши аҳолӣ, кам шудани манобеи табиӣ ба мисли обу чарогоҳу замин сабаби аслии муноқиша дар марз бахусус вилояти Суғду Бодканд аст. Ҳар сол мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин баҳсу даъво мекунанду гиребони ҳамро мегиранд ва ин даъвоҳо гоҳо ба хунрезӣ мепечад.

“Душанбе сити банк” хидматрасонӣ ба кортҳои бонкии "Мир"-и Русияро қатъ кард

"Душанбе Сити" баъди сар задани нуқси техникӣ хидматрасониро ба кортҳои бонкии "Мир"-и Русия бас кард. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.

"Душанбе Сити" то чанд вақти охир, дар баробари "Амонатбонк" ба кортҳои "Мир" хидматрасонӣ мекард.

Дар "Душанбе сити" хабар доданд, ки нуқси техникӣ 23 сентябр сар задааст. Ин дар ҳолест, ки бонкҳои Узбекистон низ хидматрасонӣ ба кортҳои "Мир"-ро қатъ кардаанд.

Хидматрасонӣ тавассути кортҳои низоми пардохтии "Мир"-и Русия дар Узбекистон аз 23-юми сентябр қатъ шудааст.

Дар ин бора Маркази ягонаи ҷумҳуриявии "Uzcard" хабар дода, гуфтааст, он "бо сабабҳои техникӣ" қатъ гашт.

Хабари бо мушкил рӯбарӯ шудани соҳибони кортҳои "Мир" дар Узбекистон чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд. "Uzcard" 21-уми сентябр бо нашри изҳороте гуфта буд, ки қабули кортҳои "Мир"-ро идома медиҳад.

Қаблан Бонки "Halyk Bank"-и Қазоқистон ҳам қабули кортҳои "Мир"-ро қатъ карда буд ва чандин бонки туркӣ, аз ҷумла бузургтарин бонки хусусии Туркия - "Iş Bankası" эълом кард, ки ҳамкориро бо низоми пардохтии русии "Мир" қатъ кардааст.

ИМА ва шариконаш хоҳони ҷаласаи вижа дар бораи уйғурҳо шуданд

Маркази бозтарбия дар Чин

Амрико ва чанд ҳампаймони ғарбияш пешниҳод кардаанд, ки Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар пайванд ба бадрафтории эҳтимолии Чин бо уйғурҳо ва ақаллияти дигари мусулмон дар Шинҷон як баҳси вижа даъват кунад.

Дипломатҳо гуфтанд, дархост аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида, Канада, Бритониё, Дания, Финландия, Исландия, Норвегия ва Шветсия фиристода шуд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид дар аввали соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Сафири Бритониё дар Созмони Милал гуфт: "Мо наметавонем чунин нақзи шадид ва муназзами ҳуқуқи башарро нодида бигирем. Шӯрои Ҳуқуқи Башар сокит буда наметавонад ва набояд хомӯш биистад."

Иёлоти Муттаҳида мақомоти Чинро ба наслкушӣ муттаҳам кардааст.

Мишел Бачелет пеш аз рафтанаш аз мақоми Комиссари Олии Ҳуқуқи Башари СММ гузориши тундлаҳнеро нашр кард. Бино бар он, мақомоти Чин дар маъракаи давомдоре, ки онро бозтарбия ва пешгирӣ аз ифротгароии хушунатомез дар Шинҷон меномад, "ҷиноят алайҳи башарият" содир кардааст.

Тошканду Бишкек ба имзои созишномаи нави марзӣ омода мешаванд

Абдулло Орипов (рост) ва Қамчибек Тошиев

Ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Узбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории хати марзи давлатӣ 26-уми сентябр дар ҷаласаи навбатии худ санадеро имзо карданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, санади имзошуда имкон медиҳад, ки расмиёти мувофиқаи лоиҳаи созишномаи нав дар бораи қитъаҳои алоҳидаи марзи ин кишвар бо Узбекистон оғоз шавад.

Санадро раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ва сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов имзо кардаанд.

Қирғизистону Узбекистон 1378 километр марзи муштарак доранд ва то ҳол 85 дарсад ё 1170 километри он муайян шудааст. Моҳи феврали соли 2021 хабар дода шуд, ки ҷонибҳо роҷеъ ба 13 дарсади боқӣ ба созиш расидаанд.

Расонаҳо моҳи августи имсол хабар доданд, ки Бишкек ва Тошканд тасмим доранд, то охири сол баҳсҳои марзиро ба поён расонанд.

Эътирози сокинони Доғистон зидди сафарбаркунӣ ба ҷанги Украина

Эътирозҳо зидди сафарбаркунӣ ба ҷанги Украина дубора дар Доғистон оғоз гашта, дар ҷараёни онҳо 90 кас дар Махачқалъа ва Хасавюрт дастгир шудааст.

Ба иттилои тарҳи "Қафқоз.Воқеӣ", садҳо сокини Махачқалъа зидди сафарбаркунӣ ба ҷанги Украина ба кӯча баромада, миёни онҳо ва кормандони пулис задухӯрд сурат гирифтааст.

Дертар маъмурони пулис ва Горди миллӣ майдони марказии шаҳр ба номи Ленинро муҳосира, ҷавононро боздошт ва телефонҳои онҳоро тафтиш кардаанд.

Ҳудуди 200 кас дар Хасавюрт ҳам зидди басиҷ эътироз кардааст. Дар натиҷа пулис чандин нафарро дастгир кард. Дар миёни онҳо рӯзноманигори расонаи "Новое дело" Идрис Юсупов ва сармуҳаррири "RusNews" Сергей Айнбиндер низ ҳастанд. Айнбиндер гуфт, ҳангоми боздошт ӯро латтукӯб ва техникаҳояшро мусодира карданд.

Эътирозҳо зидди сафарбаркунӣ ба ҷанги Украина дар Махачқалъа бори нахуст 25 сентябр баргузор шуд. Он замон ҳудуди 120 нафар дастгир гашта буд.

НАСА барномасозони тоҷикро ба озмун даъват мекунад

Барои иштирок дар озмуни байналмилалии "NASA Space Apps 2022" сабти ном оғоз шудааст.

"Гӯшаи амрикоӣ" дар Душанбе бо нашри хабарномае иттилоъ додааст, ки ҳакатони бузургтарин дар ҷаҳон дар Душанбе рӯзҳои 1-2 октябр баргузор мешавад. Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд қаблан худро дар сомонаи ин озмун сабтином кунанд.

Дар хабарнома гуфта шудааст, "Space Apps ин чорабинии ҷаҳонӣ барои барномасозон, илмомӯзон, тарроҳон, ҳикоянависон, созандагон, технологҳо ва ғайра дар шаҳрҳои саросари ҷаҳон аст, ки дар он дастаҳо маълумоти ройгон ва дастраси NASA -ро барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар Замин ва кайҳон истифода мебаранд".

Хароҷоти ҳамаи иштирокчиён аз ҷониби баргузоркунандагони озмун пардохт карда мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои ҳакатон 2500 долларро ташкил медиҳад ва агар дастае ба 10 тими беҳтарини ҷаҳон дохил шавад, метавонад ба қароргоҳи NASA дар Амрико равад.

Ба гуфтаи манбаъ, хоҳишмандон метавонанд ба таври гуруҳӣ дар озмун ширкат кунанд. Шарти асосӣ ин аст, ки дастаро дар саҳифаи интернетии Space Apps: spaceappschallenge.org сабти ном кунанд.

Лоиҳаҳои таҳияшуда аз ҷониби доварони маҳаллӣ барои муайян кардани номзадҳои ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон баҳогузорӣ хоҳанд шуд ва сипас коршиносони NASA онҳоро баррасӣ карда, барандагони ҷоизаи ҷаҳониро эълон мекунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG