Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ба самти Иттиҳоди Гумрукӣ қадам бардошт


Ҳукумати Арманистон барномаи муқаддамотӣ барои пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукӣ ба раҳбарии Русияро қабул кард. Бар асоси ин барнома, ки аз тарафи вазири иқтисод дар ҷаласаи ҳукумат пешниҳод шуд, қарор аст, то чанд рӯзи дигар гурӯҳҳои корӣ ва кумиссиёни ҳамоҳангсоз таъсис шавад. Тамоми асноди лозим барои пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Гумрукиро бояд то рӯзи 10-уми октябр омода кунанд. Рӯзи чаҳоршанбе эътилофи созмонҳои ғайриҳукуматии тарафдори ҳамоиши Арманистон ба Иттиҳодияи Аврупро қарори раиси ҷумҳур Серж Саркиссиён барои пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукиро “таҳқири миллат” хонда ва онро интиқод кард. Серж Саркиссиён рӯзи 3-уми сентябр гуфт, ки Арманистон азм дорад, ба Иттиҳоди Гумрукӣ бипайвандад, ки ба он бар изофаи Русия, Белорус, Қазоқистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG