Башор Ассад, раиси ҷумҳури Сурия, гуфтааст, ҳукуматаш созишномаи ҳосилшуда бо Амрикову Русия дар бораи маҳви аслиҳаи кимиёии он кишварро амалӣ хоҳад кард. Аммо гуфтааст, Башор Асад, барои маҳви захираҳои ин аслиҳа тақрибан як сол ва 1 миллиард доллар лозим мешавад. Раиси ҷумҳури Сурия ҳамчунин ба телевизиони Фокс Нюси Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, гузориши нозирони Созмон Милал дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёӣ дар Сурия “ғайривоқеӣ” аст. Дар ин гузориш омадааст, ки “далелҳои возеҳу қонеъкунандае вуҷуд дорад”, ки рӯзи 21 август дар наздикии шаҳри Димишқ аз гази кушандаи зарин истифода кардаанд, ки онҷо 1400 нафар ҳалок шуданд. Башор Асад дигарбора гуфт, ки ин кори дасти артиши Сурия нест. Аз ин пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш далелҳое ба даст овардааст, ки нишон медиҳад, шӯришиён дар маҳалли Ғута аз аслиҳаи кимиёӣ истифода бурдаанд. Ӯ афзуд, ки ин далелҳо ба зудӣ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод хоҳанд шуд.