Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» аввалин шуда ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон баромад


Дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа аввалин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2013 роҳ ёфт.

Футболбозони Қӯрғонтеппа рӯзи 17-уми сентябр дар майдони худ, варзишгоҳи “Пахтакор”, дастаи "Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Ҳарсе голро нимҳимоятгар Умедҷон Шарифов дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонд. Вале Умедҷон дар дақиқаи 81-ум корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд.

Бозии аввал низ дар Хуҷанд бо пирӯзии «Вахш» бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфта буд. Рақиби «Вахш» дар нимфинал ғолиби ҷуфти «Энергетик» - «Регар-ТадАЗ» мешавад.

Се бозии дигари чорякниҳоӣ миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, “Энергетик”-и Душанбе – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе – “Истаравшан”-и Истаравшан рӯзи чоршанбе, 18-уми сентябр, баргузор хоҳанд шуд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
17-уми сентябр, сешанбе.
«ВАХШ» - «ЭСХАТА» - 3:0. Сардовар: Комил Қурбонов (Турсунзода).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Голҳо: Умедҷон Шарифов, 67 (1:0). Умедҷон Шарифов, 70 (2:0). Умедҷон Шарифов, 74 (3:0).
Бозии аввал – 2:1.

18-уми сентябр, чоршанбе. Оғози бозиҳо – соати 16.00
«РАВШАН» - «ПАРВОЗ». Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Бозии аввал – 2:1.

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Бозии аввал – 0:2.


«ИСТИҚЛОЛ» - «ИСТАРАВШАН». Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, варзишгоҳи "Авиатор".
Бозии аввал – 2:1.
XS
SM
MD
LG