Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Маҷмаи Умумии СММ оғоз ёфт


Дар шаҳри Ню Йорк нишасти 68-уми солонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал оғоз ёфт. Ҷон Аш, раҳбари Маҷмаи Умумӣ ва фиристодаи Созмони Милал барои Антигуа ва Барбуда ин нишастро ифтитоҳ кард ва аз ҷумла гуфт, ки барои ислоҳот ва нерӯи тоза бахшидан ба Шӯрои Амният ва Маҷмаи Умумии Созмони Милал саъй хоҳад кард. Бан Ки Мун, дабири кулли созмон дар нутқи ифтитоҳиаш гуфт, ки ҷанги Сурия бешак аз мавзӯъҳои сахттарини нишасти мазкур хоҳад буд. Ӯ баъдан, намояндагони 193 кишвари узвро бо гузориши нозирони Созмони Милал дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёӣ дар Сурия ошно кард.
XS
SM
MD
LG