Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ба нафъи Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳукм кард


Додгоҳе дар шаҳри Душанбе ба як хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон амр додааст, ки бештар аз 5 ҳазор сомонӣ харҷи таҳсилро ба давлат баргардонад. Донишгоҳ Сиёвуш Шарипов, сокини ноҳияи Исмоили Сомониро, ки 5 сол дар факултаи забони англисӣ таҳсил карда, вале ба ҷойи кори тавсиядода ҳозир нашудааст, ба додгоҳ кашидааст. Додгоҳ даъвои донишгоҳро дуруст дониста ва амр додааст, ки бинобар бе сабабҳои “узрнок” ба ҷойи кор ҳозир нашудани Сиёвуш Шарипов, ки соли 2012 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст, аз ӯ харҷи панҷсолаи таҳсил, яъне панҷ ҳазору як саду чилу ду сомонию панҷоҳ дирамро ситонида шавад. Ҳукми додгоҳ рӯзи 16 сентябр нашр шуд.
XS
SM
MD
LG