Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Фаронса вазъи Сурияро баҳс мекунанд.


Фабиус Лоран ва Сергей Лавров
Фабиус Лоран ва Сергей Лавров
Рӯзи сешанбе дар Маскав вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо вазири корҳои хориҷии Фаронса Фабиус Лоран қатъномаи Шӯрои Амният дар мавриди Сурияро баҳс кард.

Русия ва кишварҳои дигари узви Шӯрои Амният дар масъалаи маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия ихтилофи назар доранд.

Қабл аз мулоқоти Маскав Русия мувофиқат кард, ки Сурия то миёнаҳои соли 2014-ум тамоми аслиҳаи кимиёии дар ихтиёр доштаашро маҳв намояд.

Рӯзи душанбе комиссияи СММ тасдиқ кард, ки моҳи август дар канори Димашқ ҳамлаи кимёӣ ҷой доштааст.

Британия, Фаронса ва ИМА ҳеҷ шубҳа надоранд, ки аслиҳаи кимиёиро нерӯҳи ҳукуматии Сурия истифода бурдаанд.

Аммо Русия бар ин назар аст, ки ҳар яке аз тарафҳои муноқишаи Сурия метавонист аз ин силоҳ кор гирад.
XS
SM
MD
LG