Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони СММ истифодаи силоҳи кимиёвиро тайид карданд


Бан Ки Мун дар Шӯрои амниятии Созмони Милали Муттаҳид натиҷаҳои тафтишоти нозирони таслиҳотӣ дар Сурияро муаррифӣ кард.

Нозирони СММ, ки истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурияро тафтиш кардаанд, мегӯянд, онҳо далелҳои рӯшан ва боэътимоди ҳамлаи кимиёвӣ алайҳи мардуми осоишта, аз ҷумла, кӯдакон дар канори шаҳри Димишқ рӯзи 21 августро зери даст доранд. Натиҷаи тафтишоти деринтизори онҳоро Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои амният муаррифӣ кард.

Бар пояи ин гузориш, нозирон далелҳои муҳитизистӣ, кимиёвӣ ва тиббии истифода шудани силоҳи кимиёвӣ дар Гута, канори Димишқ, дар нимаи дуввуми моҳи августро пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ба ин мавзеъ бо мушаки “замин-замин”, ки заҳри қаттоли заринро дорад, ҳамла кардаанд. Бар асари ин ҳамла садҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Нозирон барои ҷустуҷӯи посух ба суоле, ки "ин ҳамла аз сӯи кӣ сурат гирифтааст", муваззаф нашуда буданд. Бан Ки Мун ин ҳамлаи кимиёвиро “ҷинояти низомӣ” номид ва гуфт, ки муҷримон бояд ҳатман ба додгоҳ кашида шаванд. Ӯ афзуд, "ин воқеитарин далели истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи мардуми осоишта баъд аз истифодаи он аз сӯи Саддом Ҳусейн дар мавзеи Халабоҷа дар соли 1988 мебошад".

Шабакаи телевизионии CNN бо такя ба як манбаи ошно бо гузориши нозирони СММ хабар дод, ки чанде аз мушакҳои ошкоршуда тавлиди шӯравӣ буданд - нозирон дар онҳо навиштаҷот бо ҳуруфи сирилликро пайдо намуданд.

ИМА дар ҳамлаи кимиёвӣ дар канори Димишқ, ки, ба иттилои Вошингтон, бар асари он тақрибан 1400 нафар ҷон бохтаанд, режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро айбдор мехонад. Аммо ҳукумати Сурия ин иттиҳомро рад
мекунад. Димишқ ва Маскав масъулияти ин ҳамларо бар дӯши мухолифини мусаллаҳ вогузоштаанд.

Гузориши нозирони СММ ду рӯз баъд аз он муаррифӣ шуд, ки вазирони умури хориҷии ИМА ва Русия дар Женева дар мавриди тайи як сол комилан аз байн бурдани захираи силоҳи кимиёвии Сурия ба созиш расиданд. Қарор аст, ки мақомоти Сурия ҳамаи иттилоъ дар бораи захираи силоҳи кимиёвии кишварро дар ихтиёри ҷомеъаи ҷаҳонӣ гузоранд ва баъдан ин силоҳ пурра нобуд карда шавад. Ин созиш таҳдиди ҳамлаи ногузири Амрико ба муассисаҳои низомии Сурияро мутаваққиф кард. Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи душанбе, созиши миёни Вошингтону Маскав дар робита ба қазияи Сурия ҳосилшударо як “гоми муҳим” барои хатми таҳдиди захираи кимиёвии Сурия номид, аммо аз паёмадҳои ҷиддии сартобии Димишқ аз ӯҳдадориҳояш ҳушдор дод.

Вазирони умури хориҷии ИМА, Бритониё ва Фаронса дар музокирот дар Порис хостори қабули қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал бо муқаррар кардани санаҳои дақиқ ва ҳатмии аз байн бурдани захираи силоҳи кимиёвии Сурия шуданд. Ҷон Керрӣ баъд аз ин музокирот гуфт, Маскав ҳам бо паёмадҳои ҷиддӣ барои Сурия дар сурати иҷро накардани ӯҳдадориҳояш розӣ аст. “Агар режими Асад гумон мекунад, ки ӯҳдадорӣ иҷроношуданист ва мо бархӯрди ҷиддӣ надорем, иштибоҳ мекунад. Ва мо медонем, нозирони СММ, ки ба қарибӣ он ҷо буданд, ҳангоми дастрасӣ ба баъзе ҷойҳо мушкил доштанд. Маҳз ба ҳамин хотир, дар Женева русҳо бо мо розӣ шуданд, ки агар дастрасии комил ба ҷойҳои силоҳи кимиёвӣ таъмин нашавад, мо аз амалҳои ҳарчӣ сареътар кор хоҳем гирифт”, эълом дошт Ҷон Керрӣ.

Аммо Сергей Лавров рӯзи душанбе дар Маскав изҳор намуд, ки дар тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ба таҳдиди истифодаи нерӯ ишорае нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар созиши Женева дар бораи кор гирифтан аз банди 7 Ойинномаи СММ ҳарфе нест. Сергей лавров афзуд, “бале, ҳамкорони амрикоии мо да ҳақиқат мехоҳанд, ки қатъномаи Шӯрои амният бар пояи банди 7 Ойинномаи СММ қабул шавад. Аммо дар қатъномаи ниҳоии дар Женева қабулшуда, ки фаъолияту ӯҳдадориҳои тарафайни моро дарбар мегирад, ба ин банд истинод нашудааст”.

Аз ин пеш Сергей Лавров изҳор намуд, ки намояндагони мухолифини мусаллаҳро бояд барои ширкат дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба Сурия маҷбур сохт. Мавзӯи аз сар гирифтани ин конфаронсро Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар Женева баррасӣ карда буданд. Рӯзи баргузории ин нишаст ҳанӯз мушаххас нашудааст.
XS
SM
MD
LG