Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳбуди равобити Лондону Теҳрон пешбинӣ шудааст


Вазорати корҳои хориҷии Британия изҳор намуд, ки Лондону Теҳрон мувофиқат кардаанд, дар ҳошияи Маҷмаи кулли СММ дар шаҳри Нюйорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Британия Вилям Ҳейг бо вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф доир гардад.

Ҳар ду кишвар ишора кардаанд, ки мехоҳанд равобити дипломатиро барқарор кунанд. Соли 2011-ум баъди ҳамлаи ифротгароҳо ба сафорати Британия дар Теҳрон лондон иброз дошт, ки зоҳиран, ин ҳамларо давлат кардааст ва равобити дипломатӣ бо ҷумҳурии исломиро мутаваққиф намуд.
XS
SM
MD
LG