Мансабдорони афғон хабар медиҳанд, ки дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон силоҳбадастон зан-афсари полисро маҷрӯҳ намудаанд.
Умар Завок-сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд, мегӯяд, афсари полис-хонум Нигор, рӯзи якшанбе дар назди идораи полиси шаҳри Лашкаргоҳ мавриди ҳамлаи силоҳбадастони савори мотосикл қарор гирифт.
Ҳоло хонум Нигор бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол ёфтааст. Ӯ ҳафт сол дар Лашкаргоҳ вазифаи муфаттишро бар ӯҳда доштааст.
Моҳи июл дар Лашкаргоҳ хонум Исломбибӣ ном афсари балндпояи полиси афғон ба қатл расид.
Ин кушторҳо таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кардааст, ки дар Афғонистон занони дорои мақоми баланди иҷтимоӣ ҳадаф қарор мегиранд.