Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги тиҷории Македония ва Косово хотима ёфт


Марзи миёни Македония ва Косово
Марзи миёни Македония ва Косово
Кишвари Македония (Мақдуния) манъи воридоти гандуму орди Косоворо лағв кард.

Дар ҷавоб шаби шанбе Косово ҳам манъи воридот аз Македонияро бекор намуд.

Субҳи якшанбе мошинҳои боркаш ва мусофирон бидуни монеа марзи миёни ду кишварро убур мекарданд. Баҳси тиҷории ду кишвари нимҷазираи Балакан моҳи июл оғоз ёфт.

Он замон Македония воридоти гандуму орди Косоворо маҳдуд кард. Дар ҷавоб Косово воридоти ғизо аз Македонияро манъ карда буд.

Баъд Македония барои убури марзҳояш ба сокинони Косово ва нақлиёти онҳо боҷ ҷорӣ намуд.

Сар аз нуҳуми сентябр бошад, мақомоти Приштина воридоти тамоми маҳсулоти Македонияро манъ карданд.
XS
SM
MD
LG