Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулода дар аёлати Колорадои ИМА


Борону обхезии ахир дар аёлати ғарбии Колорадои ИМА ҳаёти камаш 4 нафарро аз байн бурд.

Мансабдорони минтақаи Боулдер иброз доштаанд, ки дар як рӯз меъёри нимсола, яъне тахминан 38 сантиметр обу оборон болои ин минтақа рехтааст.

Президенти ИМА Барак Обама дар ин минтақа вазъи фавқулода эълон кардааст.

Хадамоти обу ҳавосандии милии ИМА мегӯяд, ки эҳтимол дар ин минтақа бориши борон идома ёбад.
XS
SM
MD
LG