Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Низомов: "Фарҳанги тоҷик шояд аз байн равад, агар..."


Аслиддин Низомов.
Аслиддин Низомов.

Тоҷикистонро лозим меояд барои амалигардонии нишондодҳои Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи фарҳанги ғайримоддӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонад.

Дар ин бора рӯзи шанбеи 14-уми сентябр дар нишасте дар Душанбе бо иштироки намояндагони ЮНЕСКО, соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳлилгарони соҳа, садо дод.

Аслиддин Низомов, таҳлилгари фарҳанги тоҷик дар сӯҳбат ба Радиёи Озодӣ гуфт, яке аз шохаҳои фарҳанги тоҷик, ки ниёз ба рушд дорад ин ҳаммосаи бузургӣ «Гурӯғлӣ» аст.

Ба қавли ин таҳлилагри тоҷик дар ҳоли ҳозир миёни зиёиёни тоҷик баҳси "бемаъние" идома дорад, ки гӯё гурӯғлӣ моли тоҷикон набуда, ба миллатҳои бегона тааллуқ дорад.

Андешаи моли мардуми тоҷик набудани гӯрӯғлӣ аз ҷониби зиёиён дар ҳоле садо медиҳад, ки ин ҳаммоса ҳудуди як миллион байт бо забони тоҷикиро дар бар мегирад. Ин аст, ки Низомов суол мегузорад, оё имкон дорад, намояндаи миллати дигар бо забони тоҷикӣ ин қадар байтро эҷод кунад? Аслиддин Низомов гуфт: «ин на танҳо як ҳаммосаи оддӣ, қиссаҳои қадимӣ, як услуби нодири сурудхонӣ ва дуторнавозист. Дар мазмуни гурӯғлӣ таърихи бузурги халқи мо сабт шудааст».

Аммо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги тоҷик бошад дар сӯҳбат ба Радиёи Озодӣ гуфт, барои рушди фаъолияти фарҳангӣ қабл аз ҳама ба тарбияи мутахассисон таваҷҷӯҳ кард.

Як сол пеш Асрорӣ ваъда дода буд, ки бо қабули қонун сафари овозхонҳои тоҷик ба хориҷро ба танзим медарорад. Ба гуфтаи вазир дар сурати қабул шудани ин қонун ҳунармандон танҳо бо иҷозаи Вазорати фарҳанг имкони сафар ба хориҷаро доранд: «мақсаду мароми вазорати фарҳанг аз танзими сафарҳои ҳунарӣ дар навбати аввал дастгирии худи ҳунармандон аст. Вақте ҳунармандон дар асоси созишномаи фарҳангии байни кишварҳо ҳунарнамоӣ мекунанд, амнияташон таъмин мегарда. Барои ҳунарнамоӣ ба онҳо шароит пешбинӣ мешавад».

Ҳамзамон ба қавли Асрорӣ ҷиҳати дигари танзим аз сафари ҳунармандон ба хориҷа дақиқ кардани мазмуну муҳтавоӣ барномаи ҳунарии санъаткорон аст.

Аммо дар гузашта бисёре аз овозхонҳои тоҷик гуфта буданд, ки одатан онҳо бо сармояи шахсӣ ва ё ширкатҳои даъваткунанда ба сафари хориҷӣ мебароянд ва дар он ҷо онҳо хидмати муштариёнро иҷро мекунанд, на дастури вазорати фарҳангро.

Аслиддин Низомов, таҳлилгари соҳаи фарҳанг ва собиқ ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар баъзе аз кишварҳои минтақа мактабҳои тоҷикиро барҳам додаанд, ки ин боиси тадриҷан аз байн рафтани, забону фарҳанг ва санъати тоҷикӣ мегардад. Ҷаноби Низомов ишора ба кишвари ҳамсоя-Узбакистон кард, ки дар онҷо мактабҳои тоҷикиро барҳам медиҳанд, забони тоҷикиро намеомӯзонанд ва барои рушди санъати тоҷик монеа эҷод мекунанд, ки агар пеши инро нагиранд «эҳтимол баъд аз сад сол дар он минтақаҳо аз санъату фарҳанги тоҷикӣ асаре намонад

Гуфта мешавад дар асоси конвенсияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон барои рушди шохаҳои гуногуни фарҳангӣ муосир 12 барномаи давлатӣ қабул гардида, барои рушди ин ё он шохаи фарҳанги муосир равона шудааст. Ба монанди нигоҳ доштани фарҳанги ҳайкалҳои таърихӣ, рушди санъати актиёрӣ, китобдорӣ, рушд додани осорхонаҳо ва ҳунари сиркбозӣ.

Тавре дар ҳамоиш гуфта шуд Тоҷикистон баъди 8 соли қабули Конвесияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба ин ниҳоди байнулмиллалӣ боре ҳам ҳисобот надодааст.
XS
SM
MD
LG