Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блоги зинда: СҲШ: раёсати даврӣ ба дасти Тоҷикистон гузашт

Амнияти марзҳо пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва вокуниш ба бӯҳрони давомдори Сурия дар садри дастури кори нишасти сарони СҲШ -- Созмони ҳамкориҳои Шанхай қарор дорад.

Нукоти асосӣ:

- Сарони кишварҳои СҲШ дар эъломияи ниҳоии ин нишаст вазъи Сурияро нигаронкунанда номиданд ва аммо ба мудохилаи беруна мухолифат карда, хостори ҳалли сиёсии бӯҳрон аз тарафи худи суриягиҳо шуданд.

- Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ки бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа ба ризоият даст ёбанд.

- Сарони кишварҳои узв дар СҲШ гузориши солонаи Дабири кулли он ва раҳбарияти Шӯрои зиддитеррористии созмонро тасдиқ ва нақшаи кори СҲШ-ро то сол 2017 тасвиб намуданд.
14:39 13.9.2013
Нигористоне аз расидани меҳмонони ҳамоиши сарони СҲШ дар Бишкек
14:24 13.9.2013
14:16 13.9.2013
Нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2014, дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Бо ҳамоиши Бишкек раёсати даврии Қирғизистон дар ин созмон ба поён расида, То як соли дигар Тоҷикистон раҳбарии СҲШ-ро дар ӯҳда хоҳад дошт.
14:07 13.9.2013
Нишасти сарони СҲШ дар Бишкек ба поён расид. Сарони давлатҳои узви эътилоф Эъломияи ниҳоии нишастро имзо карданд. Дар он, аз ҷумла гуфта мешавад, кишварҳои узви СҲШ хоҳони ҳалли ҳарчӣ зудтари бӯҳрон дар Сурия аз тарафи худи суриягиҳоянд ва дар ин росто бояд истиқлолияти ин кишвар муроот шавад. Кишварҳои узв гуфтанд, хостори қатъи беқайду шарти зӯроварӣ дар ин кишвар, оғози муколамаи васеи миёни ҳукумат ва мухолифон тибқи Қатъномаи 30-уми июни соли 2012-и Женев ҳастанд.

Дар эъломия ҳамчунин гуфта мешавад, кишварҳои узви СҲШ аз талошҳои баргузории конфаронси байнулмилалӣ барои заминагузории оштӣ ва эътидоли вазъ дар Сурияанд. Бино бар ин санад кишварҳои СҲШ ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва зӯроварӣ бар аҳолии осоишта, махсусан бар пояи мазҳабӣ ва миллиро қатъиян маҳкум намуда, мухолифи аъмоли зиддиқонуние ҳастанд, ки ба афзоиши шиддат дар низои дохилии Сурия равона мегардад.

Кишварҳои узви СҲШ, манзур Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз ташаббуси ба зери назорати байнулмилалӣ гузаштани силоҳи кимиёии Сурия бо ҳадафи маҳви баъдинаи он ва ширкати Сурия дар Қатъномаи манъи коркард, тавлид, анбор ва нигаҳдории силоҳи кимиёӣ ва маҳви он ҳимоят карданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG