Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик ба "суроғи" раъйдиҳандагон рафтанд


Вакилони порлумони Тоҷикистон аз имрӯз барои мулоқот бо мардум ба шаҳру навоҳии гуногуни кишвар сафар мекунанд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси Намояндагон, бо нашри иттилоияе имрӯз гуфт, ки ҳангоми мулоқот бо раъйдиҳандагон вакилони мардумӣ “масъалаҳои марбут ба вазъи соҳаҳои гуногун, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеаро” баррасӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, мулоқотҳо бо вакилони Маҷлиси намояндагон дар фазои озод ва шаффоф баргузор мешавад ва мардум метавонанд “роҷеъ ба ҳамаи мавзӯъҳои барояшон муҳим бо вакили худ суолу ҷавоб кунанд.” Мулоқоти вакилони мардумӣ то то 22 сентябр идома мекунад. Дар Тоҷикистон аксаран ин шикоятро мешунавед, ки вакилони мардумӣ баъди вуруд ба порлумон, раъйдиҳандагони хешро “фаромӯш мекунанд.”
XS
SM
MD
LG