Қарор аст, имрӯз Сергей Собянин яке аз афроди наздик ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба ҳайси шаҳрдори Маскав савганд ёд кунад. Сергей Собянин дар интихоботи баҳсбарангези рӯзи якшанбе пирӯз шуд ва Алексей Навалний яке аз мунтақидони сарсахти Владимир Путинро шикаст дод. Худи Навалний мегӯяд, ки интихобот бо қонуншиканӣ сурат гирифт ва ҳазорон нафар аз тарафдорони ӯ рӯзи 9 сентябр алайҳи натиҷаҳои интихобот тазоҳурот карданд. Ба гуфтаи Кумиссиёни интихоботии Русия, Сергей Собянинро дар интихобот бештар аз 51 дар сад ва Алексей Навалний ба 27, 3 дар сади оро раъйи мардумро ба даст овардаанд. Ӯ гуфтааст, ки рӯзи панҷшанбе доир ба садҳо қонуншиканӣ дар интихобот ба додгоҳ шикоят мекунад. Сергей Собянин соли 2010 раиси шаҳри Маскав таъйин шуд.