Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин Амрикоро башиддат интиқод кард


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, мумкин аст, ҳамлаи низомии Амрико ба Сурия, низоми ҷаҳониро ба ҳам бизанад ва “ҳама далелҳо баёнгари он аст”, ки истифодаи аслиҳаи кимиёӣ кори дасти шӯришиён аст, на нерӯҳои ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия. Владимир Путин дар мақолае дар рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” навиштааст, ки миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон дигар Амрикоро дигар на намуна барои демократия, балки кишваре медонанд, ки фақат ба “зӯри бозуяш” такя мекунад. Шарҳи Владимир Путин дар рӯзе нашр шуд, ки қарор аст, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва ҳамтои амрикоии ӯ Ҷон Керрӣ дар шаҳри Женева тарҳи маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурияро баррасӣ кунанд. Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, нерӯҳои давлатии Сурия рӯзи 21 август бо истифода аз гази кушанда дар наздикии шаҳри Димишқ, бештар аз 1400 нафарро куштанд ва бояд ҳукумати Сурия сазои ин амали ғайриқонуниашро бубинад.
XS
SM
MD
LG