Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стефан Фюле амалкардҳои Русияро интиқод кард


Стефан Фюле, масъули умури тавсиаи Иттиҳодияи Аврупо, амалкардҳои давлати Русияро интиқод кард, ки ба қавли ӯ кишварҳои хоҳони наздикӣ бо он иттиҳодияро танбеҳ медиҳад. Ӯ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Порлумони Аврупо дар шаҳри Страссбург гуфт, таҳдид ба кишварҳое, ки мехоҳанд, бо Иттиҳодияи Аврупо аҳдномаи мушокират имзо кунанд, “ғайриқобили қабул” аст. Ӯ гуфт, Русия набояд аз роҳи боло бурдани қимати маводи сӯхт, монеагузориҳои сунъӣ дар тиҷорат ва ё коҳиш додани ҳамкориҳои низомии Русия бо он кишварҳо фишор биёрад. Манзури Стефан Фюле, Арманистону Молдова ва Украина ҳастанд, ки моҳи ноябр дар шаҳри Вилнюс дар нишасте бо Иттиҳодияи Аврупо масъалаи ҳамкориҳои наздиктарро баррасӣ мекунанд. Аммо Русия мехоҳад, ин кишварҳо ба Иттиҳоди Гумрукӣ бипайванданд ва то кунун воридоти баъзе аз молу маҳсулот аз Украинаву Молдоваро мамнӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG