Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили хоксоронаи ҷашни Истиқлол ва "қайчӣ" шудани суханронии Убайдуллоев


Акс аз http://president.tj/ гирифта шудааст.
Акс аз http://president.tj/ гирифта шудааст.

Таҷлили 22 - умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар "Наврӯзгоҳ" ба таври маҳдуд ва бидуни пахши мустақими он тариқи телевизионҳои давлатӣ сурат гирифт.

Ин маросим, ки шоми дирӯз, 9 сентябр бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон доир шуд, ҳудуди якуним соат, шомили суханронии кӯтоҳи предзидент ва барномаи театрикунонидашудаи устодонону ҳунармандони тоҷик буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни табрики ҳозирон ва мардуми кишвар, бори дигар Истиқлолро - бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ барои тоҷикон арзёбӣ кард, вале бори дигар мардумро "дар ҷаҳони пуртазоди муосир" ба "ҳушёриву зиракӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ" даъват кард.

Аммо шоҳидони ҳол мегӯянд, телевизиони давлатӣ ҳангоми пахши ҷашни "Наврӯзгоҳ" суханронии ифтитоҳии шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдулллоевро "қайчӣ" кардааст. Зафари Сӯфӣ, сардабири "Озодагон" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, чунин "қайчӣ" шудани сӯҳбати нафаре, ки раҳбари дувуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад, вуҷуди "рӯйхати сиёҳ"-и афродеро, ки зоҳир шудани онҳо дар пардаи телевизион манъ шудааст ва эҳтимолан ҷаноби Убайдуллоевро низ ба ин "рӯйхат" даровардаанд.

Ба дунбол намоиши театрикунонидашуда аз сӯи устодону ҳунармандони тоҷик, пешкаши ҳозирони ҷашн гардид, ки бозтоби ҳаёти мардуми тоҷик дар 22 соли истиқлол, аз мӯҳтавои аслии он буд.

Ин маҳфили идонаро мушакпаронӣ дар фазои пойтахт, ки ба таҷлил ва истиқболи ҷашни 22 - умин солгарди "Истиқлолияти давлатӣ" ихтисос дошт, ҳусни анҷом бахшид.

Ин ҳам дар ҳоле, ки солҳои гузашта, ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар сатҳи хеле бошукӯҳ ва ботантана, бо баргузории маҳфилҳои мухталиф ва ҳамчунин бо пахши мустақими он тариқи 4 шабакаи давлатӣ баргузор мешуд.

Ҳамчунин дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе низ барномаҳои идона, шомили намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунари мардумӣ ва базму тараб барпо мешуд ва пойтахти Душанбе ба макони туйю тамошо мубаддал мешуд.
Нозирони умур мегӯянд, танрзим шудани таҷлили ҷашни Истиқлол ба он рабт дорад, ки дар пеш интихоботи раёсти ҷумҳурӣ аст, ки он ҳам дар рӯзи қабули Қонуни асосӣ, ба таърихи 6-уми ноябр сурат мегирад.

Ин нозирон мегӯянд, ҳукумат мехоҳад то имконоти худро бештар сарфи ин маъракаи муҳими сиёсӣ кунад ва аз ин тариқ барои номзади мавриди назар, ки ба эҳтимоли зиёд, раиси ҷумҳури феълист, ҳимоят ёбад.

Зимнан, то баргузории интихобти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон камтар аз ду моҳи дигар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG