Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушҳолии мардуми пойтахти Ҷопон аз...


Сокинони Токио аз интихоби ин шаҳр ба унвони мизбони бозиҳои олимпии соли 2020 изҳори хушнудӣ мекунанд. Тошиюкӣ Акияма, муовини раиси пойтахти Ҷопон рӯзи якшанбе дар ин бора ба хабарнигорон гуфт: "Ман таъми талхи шикасти Токиоро, ки давраи гузашта интихоб нашуд, чашидаам ва бисёр мехоҳам, ки ҳама барои Мадрид ва Истанбул, ки бисёр сахт кӯшиданд, каф бикӯбанд. Ба якояки шумо ташаккур. Иҷоза диҳед, бозиҳои олимпии соли 2020-ро бомуввафақият баргузор кунем." Рӯзи шанбе аъзои Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ дар раъйдиҳӣ дар шаҳри Буенос Айрес, аз миёни се шаҳр, Мадриди Испониё, Истанбули Туркия ва Токио, саввумиро ба ҳайси мизбони бозиҳои олимпии соли 2020 баргузиданд. Дар марҳилаи дуввуми раъйдиҳӣ, ки Токиову Истанбул монданд, пойтахти Ҷопон 60 раъй ва Истанбул 36 раъй ба даст овардаанд. Бо вуҷуди нигарониҳо аз ихроҷи олудагиҳо аз нерӯгоҳи барқи атомии вайроншудаи Фукушима дар Токио, аксарияти аъзои Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, ҳамин шаҳҳро барои баргузории бозиҳо муносиб донистанд.
XS
SM
MD
LG