Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: "Шояд ба Шӯрои Амният бармегардем"


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, кишвараш баррасии дигарбораи қатънома алайҳи Сурия дар Шӯрои Амниятро сарфи назар намекунад. Ӯ гуфт, мумкин аст, баъди такмили гузориши нозирони Созмони Милал дар бораи истифодаи эҳтимолии аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурия ба тасвиби қатънома ба Шӯрои Амният баргарданд. Ҷон Керрӣ дар як нишасти хабарии муштарак бо Холид-ал-Отия, ҳамтои қатарии худ гуфт, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрияо бояд барои ин кор тасмим бигирад. Ҷон Керрӣ дар робита ба раванди сулҳи Ховари Миёна гуфт, ки Исроилу Фаластиниён азм доранд, ки музокироти сулҳро идома бидиҳанд. Ӯ афзуд, ки қасд дорад, ба зудӣ бо Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил, талошҳо барои расидан ба сулҳ дар минтақаро баррасӣ кунад. Исроилу Фаластиниён пас аз се сол бо миёнҷигарии Амрико рӯзи 29 июл музокироти сулҳро аз сар гирифтанд.
XS
SM
MD
LG