Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Миср "Ихвон-ул-муслимин"-ро пароканда месозад


Ҳукумати Миср дар бораи парокандасозии ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”, ки чун созмони ғайриҳукуматӣ сабти ном шудааст, тасмим гирифт.

Дар ин бора нашрияи наздик ба ҳукумат “Ал-Ахбор” бо такя ба намояндаи вазорати ҳамраъйии иҷтимоӣ Ҳана Моҳана иттилоъ доддаст. Ба гуфтаи хонум Моҳана, тасмими ҳукумат дар бораи лағви сабти номи “Ихвон-ул-муслимин” расман ибтидои ҳафтаи оянда эълон мешавад.

“Ихвон-ул-муслимин” чун созмони ғайриҳукуматӣ моҳи марти соли равон сабти ном шудаааст. Ин ҷунбиш 85 сол пеш – соли 1928 ташкил шуда буд. Соли 1954 фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин”-ро дар Миср мамнӯъ эълон карда буданд. Фақат баъд аз суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак ҷунбиш дубора фаъол шуд ва намояндааш Муҳаммад Мурсӣ раисиҷумҳури Миср интихоб гардид. Баъд аз барканории Мурсӣ аз мақом дар моҳи июли соли равон, ҷонибдорони “Ихвон-ул-муслимин” ба тазоҳуроти густурда даст заданд ва бо артишу полис вориди бархӯрдҳо шуданд, ки дар натиҷа садҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Тақрибан ҳама раҳбарон ва фаъолони ин ҷунбиш айни ҳол дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG