Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Сурия дар Санкт Петербург баҳс мешавад


Дар шаҳри Санкт Петербурги Русия нишасти раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи олам маъруф бо номи олам G20 оғоз ёфт.

Дар давоми ду рӯзи нишаст раҳбарон рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, шаффофияти бонкӣ ва мубориза бо сарпечӣ аз супурдани андозро баҳс мекунанд.

Арзёбии бӯҳрони Сурия дар рӯзномаи нишаст сабт нашудааст, вале тахмин мешавад, ки баҳси вазъи Сурия яке аз мавзӯъҳои асосии нишаст хоҳад буд.

Дар расми кушоиши маҷлис президенти Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки вазъи Сурия баррасӣ шавад:

Баъзе иштирокчиён аз ман хостанд, ки имконе барои баҳси масъалаҳои берун аз рӯзномаи нишаст пайдо кунам. Ин масъалаҳо ҳалталаб ва дар арсаи байналмилалӣ хеле муҳим ҳастанд, ба хусус вазъ дар Сурия. Пешниҳод мекунам, ки дар зиёфати шом онро баррасӣ кунем.”

Тибқи ахбори расида дар оғози зиёфати шом дар Қасри Петергоф президенти ИМА Барак Обама ҳузур надошт. Ӯ дертар ба меҳмонон ҳамроҳ шуд
XS
SM
MD
LG